Театри Маяковский соҳиби бинои нав мешавад

Лилия Гайсина, Asia-Plus

Корҳои таъмиру таҷдиди бинои кинотеатри «Тоҷикистон», ки баъди кӯчонидани бинои Театри Маяковский ҳунармандонаш ба он ҷо кӯчонида шуданд, аввали соли 2018 оғоз мегардад. Мансабдорон итминон медиҳанд, ки ин кинотеатр тамоман бинои нав хоҳад шуд.

Аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки лоиҳаи таъмину навсозии кинотеатри «Тоҷикистон» таҳияву тасдиқ ва мувофиқа шуда, амалисозии он аввали соли 2018 шурӯъ мешавад, ки муддати як сол давом мекунад.

«Барои амалисозии лоиҳа воситаҳо ҷудо шуда, лекин маблағи ниҳоӣ алҳол мушаххас нест, зеро он метавонад тағйир ёбад, – гуфт манбаъ. – Ин ҷо сари азнавсозии пурраи кинотеатр сухан меравад, ки бино комилан дигар шуда, ба ҳамаи талаботи театри драмавӣ ҷавобгӯ хоҳад буд».

Мунира Дадаева, директори Театри ба номи Маяковский дар ин робита изҳор дошт, ки лоиҳаи таъмиру навсозии бинои кинотеатр бо онҳо мувофиқа шуда, ба он баъзе тағйирот ворид ва эродҳо баён шуданд.

«Албатта, мо қаноатмандем. Ба мо ваъда доданд, ки зимни корҳои таъмиру таҷдид пешниҳоду эродҳои моро ба инобат мегиранд ва бинои комилан нав месозанд, ки ба фаъолияти театр муносибу созгор хоҳад буд», – иброз дошт Дадаева.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...