Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи азнавсозии кӯли Варзоб шинос шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонии пойтахт ва Варзоб бо лоиҳаҳои бунёди Терминали муосири нақлиётӣ, азнавсозии “Кӯли Варзоб”, сохтмони Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Дуои Модар” ва корҳои созандагӣ дар мавзеи “Сафед-дара” шинос шуда, барои оғози лоиҳаҳо асос гузоштанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонии пойтахт ва Варзоб бо лоиҳаҳои бунёди Терминали муосири нақлиётӣ, азнавсозии “Кӯли Варзоб”, сохтмони Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Дуои Модар” ва корҳои созандагӣ дар мавзеи “Сафед-дара” шинос шуда, барои оғози лоиҳаҳо асос гузоштанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, терминали нақлиётӣ дар қисми шимолии шаҳри Душанбе дар масоҳати умумии 5,80 гектар ба нақша гирифта шуда, дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар самти Ғарбии шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, назди соҳили дарёи Варзоб ва чорроҳаи Чорбоғ бунёд хоҳад гашт.

Сипас дар маҳалли дигари ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Президенти мамлакат ва раиси шаҳри Душанбе бо лоиҳаҳои азнавсозии “Кӯли Варзоб” ва бунёди корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ шинос шуданд.

Маблағи корҳои азнавсозӣ дар кӯл 9 миллион сомониро ташкил дода, пас аз пурра ба анҷом расидани корҳои азнавсозӣ 80 нафар сокинон бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд. Майдони умумии ҳавзи шиноварӣ 158 ҳазору 787 метри мураббаъ мебошад.

Худи ҳамин рӯз дар ноҳияи Варзоб Президенти мамлакат бо лоиҳаи сохтмони Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Дуои Модар» шинос шуд. Истироҳатгоҳ бо сарфи 10 миллион сомонӣ маблағҳои ширкати «Сафед-дара» бунёд мешавад.

Тибқи лоиҳаи нақшаи сохтмонию меъморӣ дар ҳудуди истироҳатгоҳ меҳмонхонаи бисёрошёна бо 120 ҷойи хоб бунёд мешавад. Меҳмонхона аз ошхона, тарабхона, толори варзишӣ, толори маҷлис, ҳаммом ва ғайра иборат буда, дар саҳни ҳавлӣ ва лаби дарё ҳавзи оббозӣ ва айвонҳои кушод сохта хоҳанд шуд.

Дар Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» бошад, Президенти мамлакат бо ҷараёни идомаи корҳои созандагӣ шинос шуд. Соли ҷорӣ аз ҷониби ширкати «Сафед-дара» як қатор иншооти иловагӣ дар ҳудуди Маҷмаа сохта шуда, бунёди дигар биноҳо идома дорад. Соли ҷорӣ дар ин ҷо майдони бозии Пейнтбол, майдончаи варзишӣ, Зиплайн, Баги ва майдони аспсаворӣ сохта шуда, барои қабули дӯстдорони ин намудҳои варзиш омода мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.