Сохтмони яке аз бузургтарин нерӯгоҳҳои барқи обии минтақа дар Ӯзбекистон

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ӯзбекистон ба корҳои лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯии сохтмони яке аз бузургтарин неругоҳҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ – нерӯгоҳи Пскем шуруъ кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба расонаҳои маҳаллӣ, нерӯгоҳи нав, ки дар дарёи Пскем дар ноҳияи Бустоналиқи вилояти Тошканд бунёд мешавад, баъд аз нерӯгоҳи Чарвак дувумин нерӯгоҳи пуриқтидори Ӯзбекистон ва яке аз калонтарин нерӯгоҳҳои минтақа хоҳад буд. Иқтидори вай аз 400 МВт иборат буда, солона ба ҳисоби миёна то 900 миллион киловатт/соат барқ хоҳад дод.

Гуфта мешавад, харҷи умумии лоиҳа, бино бар ҳисоби мутахассисон, то 800 миллион доллар мерасад, ки қисми зиёди онро Ӯзбекистон худ сармоягузорӣ мекунад. Ба ҷуз ин, 240 миллион доллари дигар аз бонки чинии Эксимбонк ҷудо мешавад.

"Нерӯгоҳи нав на танҳо вилояти Тошкандро бо нерӯи барқ таъмин мекунад, балки барои кишвар об низ захира мекунад. Ба вижа, ин нерӯгоҳ бахши кишоварзиро бо об таъмин менамояд", – хабар додаанд мақомоти Ӯзбекистон.

Дар Ӯзбекистон бештар аз 430 дарё мавҷуд аст. Ҳамасола ин кишвар 60 миллиард киловатт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад, ки аз ин ҳисоб 6,5 миллиардашро нерӯгоҳҳои обӣ тавлид мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...