Оғози фаъолияти шабакаи нави телевизионии мусиқии «Шаҳнавоз»

Дар   Кумитаи  телевизион ва радиои  назди Ҳукумати  Тоҷикистон шабакаи нави телевизионии мусиқии «Шаҳнавоз»  ба фаъолият оғоз намуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба аз Кумитаи  телевизион ва радио, дар расми ифтитоҳи шабакаи нави телевизионӣ ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода,  вазири фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбекзода […]

АМИТ «Ховар»

Дар   Кумитаи  телевизион ва радиои  назди Ҳукумати  Тоҷикистон шабакаи нави телевизионии мусиқии «Шаҳнавоз»  ба фаъолият оғоз намуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба аз Кумитаи  телевизион ва радио, дар расми ифтитоҳи шабакаи нави телевизионӣ ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода,  вазири фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбекзода ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои  назди ҳукумати  ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Шоҳиён  иштирок карданд.

Гуфта мешавад, мақсад аз таъсиси шабакаи нави мусиқӣ  таблиғ ва рушди санъати асили  мусиқии тоҷик  ва  фароҳам овардани шароити мусоид  барои ҳунармандону овозхонони тоҷик мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки шабакаи нави мусиқии «Шаҳнавоз»  дар заминаи «Телевизиони  Тоҷикистон» таъсис ёфта,  дар канали алоҳида   фаъолият менамояд ва тавассути он  давоми  24 соат консерту барномаҳои мусиқӣ   таҳия ва пахш   мешаванд. Сармуҳарири барномаҳои   «Субҳ»-и Телевизиони Тоҷикистон  Манучеҳр Ализода алҳол  роҳбарии  шабакаи мазкурро  бар дӯш дорад.

 Хотиррасон мешавад, ки  шабакаҳои  телевизионии  «Телевизиони Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон»,  «Варзиш», «Синамо» ва «Футбол»    аз зумраи шабакаҳое мебошанд, ки   дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар таъсис ёфтаанд.  Дар ин қатор шабакаи мусиқии «Шаҳнавоз»  ҳаштумин  шабакаи  телевизионӣ маҳсуб мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.