Сохтмони яке аз бузургтарин нерӯгоҳҳои барқи обии минтақа дар Ӯзбекистон

Ӯзбекистон ба корҳои лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯии сохтмони яке аз бузургтарин неругоҳҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ – нерӯгоҳи Пскем шуруъ кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба расонаҳои маҳаллӣ, нерӯгоҳи нав, ки дар дарёи Пскем дар ноҳияи Бустоналиқи вилояти Тошканд бунёд мешавад, баъд аз нерӯгоҳи Чарвак дувумин нерӯгоҳи пуриқтидори Ӯзбекистон ва […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ӯзбекистон ба корҳои лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯии сохтмони яке аз бузургтарин неругоҳҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ – нерӯгоҳи Пскем шуруъ кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба расонаҳои маҳаллӣ, нерӯгоҳи нав, ки дар дарёи Пскем дар ноҳияи Бустоналиқи вилояти Тошканд бунёд мешавад, баъд аз нерӯгоҳи Чарвак дувумин нерӯгоҳи пуриқтидори Ӯзбекистон ва яке аз калонтарин нерӯгоҳҳои минтақа хоҳад буд. Иқтидори вай аз 400 МВт иборат буда, солона ба ҳисоби миёна то 900 миллион киловатт/соат барқ хоҳад дод.

Гуфта мешавад, харҷи умумии лоиҳа, бино бар ҳисоби мутахассисон, то 800 миллион доллар мерасад, ки қисми зиёди онро Ӯзбекистон худ сармоягузорӣ мекунад. Ба ҷуз ин, 240 миллион доллари дигар аз бонки чинии Эксимбонк ҷудо мешавад.

"Нерӯгоҳи нав на танҳо вилояти Тошкандро бо нерӯи барқ таъмин мекунад, балки барои кишвар об низ захира мекунад. Ба вижа, ин нерӯгоҳ бахши кишоварзиро бо об таъмин менамояд", – хабар додаанд мақомоти Ӯзбекистон.

Дар Ӯзбекистон бештар аз 430 дарё мавҷуд аст. Ҳамасола ин кишвар 60 миллиард киловатт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад, ки аз ин ҳисоб 6,5 миллиардашро нерӯгоҳҳои обӣ тавлид мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.