Посухи Тоҷикистон ба Афғонистон: ин ҳосили як «мағзи бемор» аст

Дар вокуниш ба навиштаи хабаргузории “Пажвок”, ки рӯзи 9 ноябр нашр шуд, марзбонҳои тоҷик иттиҳоми зидди худро “як тӯҳмат” номиданд. Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ин гузориш “комилан беасос ва тӯҳмат” мебошад. "Чунин ҳодиса аслан рух надодааст ва чунин хабарҳо робитаҳои дӯстонаи ду кишварро халадор месозанд. Дар сурати рух […]

Радиои Озодӣ

Дар вокуниш ба навиштаи хабаргузории “Пажвок”, ки рӯзи 9 ноябр нашр шуд, марзбонҳои тоҷик иттиҳоми зидди худро “як тӯҳмат” номиданд.

Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ин гузориш “комилан беасос ва тӯҳмат” мебошад.

"Чунин ҳодиса аслан рух надодааст ва чунин хабарҳо робитаҳои дӯстонаи ду кишварро халадор месозанд. Дар сурати рух додани ҳолатҳои нобаҳангом дар ҳамаи қитъаҳои марзӣ намояндагони сохторҳои қудратии Афғонистон ва Тоҷикистон онҳоро баррасӣ мекунанд" – гуфтааст ӯ ва афзудааст, ки "дар мавриди хабари пахшшуда ҳеҷ ниҳоде аз Афғонистон ба мо муроҷиат накардааст”.

Гуфта мешавад, марзбонони тоҷик ин изҳоротро “беҳурматӣ ва беинсофӣ” номида ва гуфтаанд, ки он ҳосили як "мағзи бемор" аст. “Марзбонҳои тоҷик вазифаи касбии худро бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ анҷом медиҳанд”, – омадааст дар изҳороти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон.

Дар баёния гуфта мешавад, ки дар воқеъ як нафарро шаби 5 -уми ноябр куштанд, вале се ин ҳодиса зимни муқовимат ба қочоқбарони маводи мухаддир сурат гирифт. Ба гуфтаи марзбонони тоҷик шаби 5-уми ноябр се нафар талош доштанд, бо 15 килограм ҳашиш вориди хоки Тоҷикистон шаванд.

Дар натиҷа, як нафар кушта шуда ду нафар бо ҷароҳатҳо аз макони ҳодиса фирор карданд. Субҳи 6-уми ноябр, ба иттилои марзбонҳои тоҷик, дар ҷои ҳодиса ду халтаи дорои маводи мухаддир ошкор шуд.

Мақомоти тоҷик аз ду нафар ном бурдааст, ки қочоқчиёни эҳтимолӣ мебошанд: Ҷумъахон валади Аскари 22-сола баъди фирор аз марз тавассути Панҷ дар бемористони Султон Ишкошим аз хунравии шадид ҷон додааст ва падари ӯ – Аскар валади Мушкии 43-сола дар дарё ғарқ шудааст. Ҷасади ӯ рӯзи дигар дар соҳил пайдо шуд", – навиштаанд марзбонҳои тоҷик.

“Чунин ҳодисаҳо то замоне, ки дар хоки Афғонистон сулҳу субот ҳукмрон нашавад, такрор мешаванд”, – омадааст дар изҳороти марзбонҳои тоҷик, ки дар ниҳоят ба ҳамкорӣ бо ҳусни тафоҳум дар амри мубориза бо қочоқи маводи мухаддир бо марзбонҳои Афғонистон изҳори умедворӣ кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио