Ҳукм нисбати собиқ директори КМТ ва қудояш бетағйир монд

Asia-Plus

Суди шаҳри Душанбе ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомониро нисбат ба Сайфиддин Назарзода, собиқ директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) бетағйир боқӣ гузошт.

Сайфиддин Назарзода дар риоя накардани талаботи қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон» айбдор дониста шуда, ба маблағи 12 ҳазор сомонӣ (1350 доллар) ҷарима шуда буд.

Бахтиёр Насруллоев, адвокати собиқ директори КМТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки суди шаҳри Душанбе санаи 7 ноябр аризаи шикоятии таҷдиди назари ҳукм аз ҷониби Назарзодаро баррасӣ ва тасмим гирифт, ки қарори суд бетағйир боқӣ гузошта шавад.

«Норозигии аслии мо дар он аст, ки ҳукм ноадолатона аст, – қайд кард адвокат. – Мо пешниҳод кардем, ки навори видео ва аксҳои тӯй дубора санҷида шаванд, одамони ҳузурдошта низ як маротибаи дигар шуморида ва ташхис гузаронида шавад, лекин суд қонеъ кардани дархости моро рад карда, изҳор дошт, ки «пешниҳоди шумо асос надоранд».

Ба гуфтаи адвокат, айни замон «онҳо ният доранд, ки аз болои қарор бо тартиби назоратӣ шикоят бурда, ба суди шаҳри Душанбе шикояти таҷдиди назар пешниҳод кунанд».

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 28 сентябр суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт собиқ мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзодаро барои нақзи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба пардохти 12,5 ҳазор сомонӣ (наздики 1,5 ҳазор доллар) ҷарима уҳдадор кард.

Тоҷиддин Ҳабибуллоев, падари зани писараш (қудояш) низ ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.

Худи собиқ мудири Китобхонаи миллӣ худро айбдор намешуморад ва мегӯяд, парванда сохта ва баррасии он ғайримунсифона сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...