Ҳукми 8 соли зиндон ба проректори Донишгоҳи тиббӣ барои порагирӣ

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муовини ректор (проректор)-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) оид ба қисми таълимӣ, доктори илмҳои тиббӣ, мутахассиси урология Дилшод Солеҳовро ба 8 соли зиндон маҳкум кард.

Ба гуфтаи Музаффар Абдуллозода, муовини суди ноҳияи Фирдавсӣ муовини ректори донишгоҳ дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 319, қисми 4-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (Гирифтани пора) айбдор эътироф шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин амволи Солеҳов мусодира шуда, боз ӯ ба муддати панҷ сол аз ишғоли вазифаҳои муайян маҳрум карда мешавад.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки Дилшод Солеҳов ба гирифтани пора дар ҳаҷми 16 ҳазор доллар гумонбар дониста шуда, ин маблағро аз падари довталаби аз имтиҳони дохилшавӣ нагузашта бо ваъдаи ба Донишгоҳ қабул кардани писараш ба сифати шаҳрванди Ҳиндустон гирифтааст.

Проректори Донишгоҳи тиббӣ аввали моҳи сентябр боздошт шуда, баъдан ба ивази баёноти тарк накардани маҳалли зист аз ҳабс озод раҳо гардида буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...