Тоҷикистон аз хориҷа 850 млн. доллар қарз гирифтанист

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон муддати се соли наздик ният дорад, ки аз хориҷи кишвар ҳудуди 850 млн. доллар қарз дастрас кунад.

Ин ният дар Барномаи қарзҳои давлатии хориҷии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2018-2020 дарҷ ёфтааст, ки имрӯз, 15 ноябр аз ҷониби палатаи поёнии парлумон тасдиқ шуд.

Зимни муаррифии барнома ба вакилон вазири молияи ҷумҳурӣ Абдусалом Қурбониён изҳор намуд, ки ҳаҷми ҷалби қарзҳои хориҷӣ дар соли 2018 ба маблаги 196,5 млн. доллар, соли 2019 – 295,9 млн. доллар ва соли 2020 – 354,7 млн. доллар пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи вазир, ин воситаҳо пеш аз ҳама барои таъмини маблағгузорӣ ба  самтҳои асосии афзалиятнок – раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҷалб мешаванд.

Таъкид шуд, ки аз оғози сол барои пардохти қарзи берунаи Тоҷикистон 1 млрд. 232 млн сомонӣ (140 млн. доллар) равона гардидааст, аз ҷумла 537 млн. сомонӣ барои пардохти қарзи асосӣ ва 695 млн. сомонӣ барои пардохти фоизҳо.

Нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон беш аз 2,3 млрд. долларро ташкил дод.

Тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ барои амалисозии 9 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ ба маблағи умумии 404,3 млн. доллар 11 созишномаи қарзӣ ва грантӣ ба имзо расида, воситаҳои грантӣ дар ин созишномаҳо 105,4 млн. доллар ва воситаҳои қарзӣ – 298,9 млн. долларро ташкил медиҳанд.

Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон бар асоси дуҷониба айни замон Чин («Эксимбанк») мебошад, ки ба аввали моҳи июли соли равон ҳаҷми он беш аз 1,2 млрд. долларро ташкил дода, ин ба зиёда аз 52 фоиз аз ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон баробар аст.

Ҳамчунин Тоҷикистон нисбатан зиёдтар аз Бонки ҷаҳонӣ – наздики 300 млн., Бонки осиёгии рушд – беш аз 225 млн., Бонки исломии рушд – ҳудуди 110 млн. ва Хазинаи байнулмилалии асъор – зиёда аз 107 млн. доллар қарздор аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...