Бензин дар Ӯзбекистон тақрибан 40 фоиз қиматтар мешавад

Дар Ӯзбекистон сар аз 15 ноябр арзиши бензин тақрибан 40% боло меравад. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба расонаҳои маҳаллӣ, ҳукумати Ӯзбекистон дар ин бора қарор қабул карда, маълумоти мазкурро "Ӯзбекнефтегаз" тасдиқ кардааст. Гуфта мешавад, дар қарор зикр шудааст, ки фурӯши чаканаи як литр бензини навъи АИ-80 1000 сӯм боло […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар Ӯзбекистон сар аз 15 ноябр арзиши бензин тақрибан 40% боло меравад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба расонаҳои маҳаллӣ, ҳукумати Ӯзбекистон дар ин бора қарор қабул карда, маълумоти мазкурро "Ӯзбекнефтегаз" тасдиқ кардааст.

Гуфта мешавад, дар қарор зикр шудааст, ки фурӯши чаканаи як литр бензини навъи АИ-80 1000 сӯм боло рафат, 3800 сӯм (тақрибан 4,5 сомонӣ)-ро ташкил хоҳад дод. Бензини навъи АИ-91 4300 сӯм хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки ин навъи бензин то замони болоравӣ 3000 сӯмро ташкил медод. Нархгузории нав дар ҳамаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории саросари Ӯзбекистон амал хоҳанд кард.

Хабар дода мешавад, ки қарори мазкур ба чанд далел, аз ҷумла, норасоии сӯзишворӣ дар саросари кишвар қабул шудааст. Барои ҳалли мушкили мазкур ширкати холдингии "Ӯзбекнефтегаз" қарор қабул кард, ки арзиши бензинро боло барад.

Мақомоти давлатии Ӯзбекистон бовар доранд, ки ин тасмим метавонад, ҳамаи даллолонро аз бозори бензин берун кунад.

Ҳукумати Ӯзбекистон ҳамасола арзиши бензинро боло мебарад. Дар соли 2016 арзиши бензин ду маротиба боло рафт – ибтидои сол ва дар моҳи октябр бензин 30% гарон шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.