Отамбоев: Қирғизистон як моҳ боз аз кишварҳои дигари ИИАО ҷудо аст

Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев имрӯз, дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушди устувори Қирғизистон роҷеъ ба вазъи марзи кишвараш бо Қазоқистон ва дурнамои иштироки Бишкек дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) изҳори назар кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба гуфтаи ӯ, раҳбарияти Қазоқистон ва "бефаъолиятии Комисияи иқтисодии Авруосиё" (КИА) имрӯз ба обурӯи ИИАО дар […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев имрӯз, дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушди устувори Қирғизистон роҷеъ ба вазъи марзи кишвараш бо Қазоқистон ва дурнамои иштироки Бишкек дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) изҳори назар кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба гуфтаи ӯ, раҳбарияти Қазоқистон ва "бефаъолиятии Комисияи иқтисодии Авруосиё" (КИА) имрӯз ба обурӯи ИИАО дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамсояҳои минтақавӣ осеби ислоҳнопазир мерасонанд.

Отамбоев вазъи кунуниро дар марзи кишвараш "муҳосира" номид. Ба гуфтаи ӯ, ин муҳосира танҳо ба хотири он ташкил шудааст, ки вай риояи қонунҳои Қирғизистон ва дахолат накардан ба умури дохилии кишварашро талаб кард. "Баҳори соли 2014 бо дастури ҳамингуна президенти солхӯрда яке аз кишварҳои ҳамсоя гази вилоятҳои ҷанубии моро қатъ карда буд", – изҳор доштааст Отамбоев.

"Он замон ҳудуди миллион қирғизистонӣ бегазу барқ монданд. Ин вазъ то моҳи январи соли 2015 идома ёфт. Хуб ба ёд дорам, ки чи гуна сиёсатмадорон ва вакилони порлумони Қирғизистон фарёд мезаданд, ки Отамбоев бояд рафта, дар назди диктатори солхӯрда ба зону бизанад ва талаби бахшиш кунад", – афзудааст ӯ.

Президенти Қирғизистон дар идома дар бораи дурнамои ҳузури кишвараш дар ҳайати ИИАО низ суханронӣ карда, гуфт, барои рушди соҳибкорӣ дар Қирғизистон бозори бузург лозим аст ва бинобар ин, Бишкек бояд дар ҳайати ИИАО бимонад.

"Инро барои он гуфтам, ки ҳамарӯза дар расонаҳои русӣ ва матбуоти Қазоқистон менависанд, Қирғизистону Отамбоев мехоҳанд, ИИАО-ро хароб кунанд. Мо ҳеч вақт ИИАО тарк карданӣ набудем ва нестем. Вале воқеият ин аст, ки Қирғизистон як моҳ мешавад, бо ҳавову ҳаваси раҳбарияти Қазоқистон аз кишварҳои дигари ИИАО ҷудо аст. Моро аз ИИАО ҷудо карданд. Пас инҷо кӣ ИИАО-ро хароб карданист? Инро касоне намебинанд, ки воқеан девонаанд ё намехоҳанд бинанд ва ё матлабҳои фармоишӣ менависанд", – илова кардааст Отамбоев.

Ба гуфтаи Отамбоев, муносибатҳои иқтисодиро миёни кишварҳои узви иттиҳод пеш аз ҳама бояд созишнома ва қарордодҳо ба танзим дароранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.