Нуралиев ба рушди минбаъдаи низоми бонкӣ бовар дорад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон ба комилан барқарор шудани эътимоди мардум ба низоми бонкии кишвар баъди чанд соли наздик умедвор аст.

«Давоми солҳои 2019-2020 низоми бонкӣ ба яке аз соҳаҳои эътимодноки кишвар мубаддал мегардад», – гуфт муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев зимни суханронӣ дар палатаи поёнии парлумон.

Ӯ қайд кард, ки тайи ду соли охир буҳрони молии ҷаҳонӣ ба низоми бонкии ҷумҳурӣ таъсири манфӣ расонид.

Ҳамчунин Нуралиев ба қарзҳои пардохтнашуда, ки солҳои пешин аз ҷониби бонкҳои низомсоз дода шуда буданд, ишора кард.

«Масалан, – гуфт ӯ. – 70 фоизи қарзҳои «Агроинвестбонк» замони раҳбарии пешини бонк бидуни ҳеҷ як гарави амвол дода шудааст. Агар мо саривақт назоратро тақвият медодем, шояд ба ин ҳол дучор намешудем».

Ба гуфтаи Нуралиев, тӯли 9 моҳи соли равон ҳаҷми уҳдадориҳои «Агроинвестбонк» назди мизоҷон 800 млн. сомонӣ – аз беш аз 2,4 млрд. сомонӣ то 1,6 млрд. сомонӣ кам шуд.

Ҳамчунин муовини аввали раиси БМТ дастовардҳои дигар бонки дучори мушкилот – «Тоҷиксодиротбонк»-ро, ки чун «Агроинвсетбонк» аз муфлисшавӣ дастгирии молиявии ҳукумат наҷот дод, қайд кард.

Ӯ зикр кард, ки дар 9 моҳи соли равон «Тоҷиксодиротбонк» фаъолияти худро бо фоидаи беш аз 53 млн. сомонӣ ҷамъбаст кард.

Нуралиев таъкид дошт, ки ҳаҷми уҳдадориҳои бонки мазкур назди мизоҷон дар ин давра беш аз 2,2 млрд. – аз қариб 3,9 млрд. сомонӣ то 1,6 млрд сомонӣ кам шуд.

Номбурда изҳор кард, ки кумак ба бонкҳо бо мақсади солимгардонии вазъи молиявӣ ва фаъолияти босуботи онҳо расонида шуда, ба ҳадафҳои дар соли 2017 гузошташуда ноил гардиданд ва аз соли 2018 бояд ба ҷалби сармоягузориҳои иловагӣ оғоз намоянд.

«Раҳбарияти «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» барои пурра баргардонидани маблағҳои мардум ҳамаҷониба талош доранд ва мувофиқи имкон ба ваъдаи додаашон ба Сарвари давлат вафо хоҳанд кард», – гуфт ӯ. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...