Шитоб бояд кард: билетҳои хатсайрҳои ҳавоӣ ба Русия арзон шуданд

«Сомон Эйр», ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон, аз 14-уми ноябр нархи билет ба ҳамаи самтҳои парвозро арзон кард. Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар шароити нав ширкат ночор аст, барои ҷалби муштариён нархҳоро то ҳадде поён бибарад. Темур Бандишоев, сухангӯи ширкати "Сомон Эйр", рӯзи 15-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нархи билет ба ҳамаи самтҳои парвоз поин […]

Радиои Озодӣ

«Сомон Эйр», ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон, аз 14-уми ноябр нархи билет ба ҳамаи самтҳои парвозро арзон кард. Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар шароити нав ширкат ночор аст, барои ҷалби муштариён нархҳоро то ҳадде поён бибарад.

Темур Бандишоев, сухангӯи ширкати "Сомон Эйр", рӯзи 15-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нархи билет ба ҳамаи самтҳои парвоз поин оварда шуданд. Маъмулан ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар ҷаҳон бо анҷом расидани мавсими туризм ё гардишгарӣ барои ҷалби муштариёни бештар нархи билетро поён мебаранд.

 Аммо Бандишоев гуфт, поин рафтани нархи чиптаҳои ширкат ба мавсим рабте надорад, “балки як иқдоми ширкат барои ҳавасмандии муштариён аст, ки ҳудуди як моҳ идома мекунад”.

Масъулони ширкат мегӯянд, мудирон натиҷаи поён овардани қимати билетҳоро таҳлил карда, баъдан тасмим мегиранд, ки нарх дар ҳамин сатҳ боқӣ бимонад ва ё ба сатҳи аввалааш бозгардад.

Қимати билетҳои ширкат вобаста ба самташ аз 100 то 150 доллар арзонтар шудаанд. Дар ширкати "Сомон Эйр" гуфтанд, барои мисол, билети Душанбе – Маскав то ин замон 2225 сомонӣ арзиш дошт ва ҳоло нархи он 1631 сомонист. Нархи билети рафту баргашт ба шаҳри Урумчии Чин, ки мусофиронаш умдатан соҳибкоронанд, ҳоло 341 доллар аст. То ин замон нархи билети ин самт ҳудудан 420 доллар буд.

Агар дар кишварҳои хориҷӣ эълони тахфиф ё сабукии нархи чиптаҳо як ҳодисаи муқаррарӣ бошад, дар Тоҷикистон арзон шудани нархи чиптаҳо хеле кам иттифоқ меафтад. Гаронии нархи чиптаи ҳавопаймоҳо ва бо таъхир анҷом шудани бисёре аз парвозҳо як мояи аслии интиқоди мусофирон аз ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Тоҷикистон ду ширкати ҳавопаймоии хусусӣ дорад: “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр”. Парки ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр” ба фарқ аз “Тоҷик Эйр” хеле нав буда, ҳамагӣ аз ҳавопаймоҳои тамғаи Боинг иборатанд. Айни замон ширкат 7 ҳавопаймои тамғаи “Боинг 737-300”, “Боинг 737-900” ва “Боинг 737-800”-ро дар ихтиёр дорад.

Ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” панҷ ҳавопаймои тамғаи Боинг ва як ҳавопаймои сохти Чин “МА-60”-ро дар ихтиёр дорад. Ин ширкати давлатӣ борҳо гуфтааст, ки фаъолияти солонаашро бо зиён ҷамъбаст мекунад, аммо ширкати хусусии “Сомон Эйр” маълумот дар бораи суду зиёни молиашро нашр намекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио