Дар Тоҷикистон Рӯзи Президентро ҷашн мегиранд

Имрӯз дар Тоҷикистон маротибаи дуюм Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Қобили зикр аст, ки 16 ноябри соли 1994 нахустин маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Ба ин сана соли равон 25 сол пур мешавад. Имрӯз дар Душанбе як қатор чорабиниҳои илмӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ доир мегарданд. Ҳамаи муассисаҳои фарҳангии кишвар бепул […]

Asia-Plus

Имрӯз дар Тоҷикистон маротибаи дуюм Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Қобили зикр аст, ки 16 ноябри соли 1994 нахустин маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Ба ин сана соли равон 25 сол пур мешавад.

Имрӯз дар Душанбе як қатор чорабиниҳои илмӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ доир мегарданд. Ҳамаи муассисаҳои фарҳангии кишвар бепул дарҳои худро барои аҳолӣ боз мекунанд. Аз ҷумла, дар тамоми муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ Рӯзи дарҳои боз доир гардида, намоишгоҳҳои асарҳои рассомон бахшида ба Пешвои миллат баргузор мешаванд. Дар театрҳои кишвар намоишномаҳои беҳтарин ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Ғайр аз ин, дар тамоми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ва макотиби олӣ намоиши китобҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барпо мешавад. Дар қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа бо афроди шинохтаву маъруфи кишвар вохӯриҳо баргузор мешаванд.

Шоми имирӯз дар айдони 800-солагии Маскав дар шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни Рӯзи Президент консерти пуршукӯҳи идона доир мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.