Ифтитоҳи Маҷмааи миллии «Маркази оши палов» дар Хуҷанд

Дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд Маҷмааи миллии «Маркази Оши палов»-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, фармоишгари Маҷмааи миллии «Маркази Оши палов» оилаи Тоҷибоевҳо ва пудратчии иншоот «Доро Инвест» мебошад. Маҷмаа бо сарфи 3 миллиону […]

Asia-Plus

Дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд Маҷмааи миллии «Маркази Оши палов»-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, фармоишгари Маҷмааи миллии «Маркази Оши палов» оилаи Тоҷибоевҳо ва пудратчии иншоот «Доро Инвест» мебошад. Маҷмаа бо сарфи 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Гуфта мешавад, масоҳати зери бинои ин иншоот 625 метри мураббаъро ташкил дода, дорои 600 ҷойи нишаст дар ду толор мебошад. Бино аз ду ошёна иборат буда, дар канори он барои нақлиёт таваққуфгоҳ сохта шудааст.

Президенти мамлакат баъди шиносоӣ бо маркази нав, ки ба хотири рушди ҳунарҳои миллӣ ва муаррифии таъомҳои миллӣ бунёд шудааст, ба соҳибкорон баҳои баланд дод.

Ба иттилои манбаъ, таъкид гардид, ки чунин марказҳо бояд дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар маркази пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе таъсис дода шаванд, то ин ки меҳмонони хориҷӣ бо лаззати таъомҳои миллӣ шинос шаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ 45 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот то 60 нафар ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуд. Дар рӯзи ифтитоҳи маҷмаа ошпазон дар даҳ дег бо 350 кило биринҷ даҳ навъ ош дам андохтанд.

Баъди ифтитоҳи Маҷмаа Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 160 нафар ятими кулли навраси шаҳри Хуҷанд туҳфаҳои идона тақдим кард. Дар ин рӯз баробари тақдими туҳфаҳои хотирмону арзишманд ба ятимон, ҳамчунин дастархони пурнозу неъмат ороста шуд, ки боиси болидарӯҳии онҳо гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.