Баҳри рафъи камбуди бензин дар Ӯзбекистон 250 млн. доллар ҷудо шуд

Президенти Ӯзбекистон  Шавкат Мирзиёев ба вазорати молияи Ӯзбекистон дастур додааст, ки то охири соли равон ба корхонаҳои коркарди нафти ин кишвар аз буҷаи давлат ду триллион сӯм (ҳудуди 250 миллион доллар) қарзи бефоиз ҷудо кунад, то маводи хоми карбогидридӣ ва маҳсулоти тайёри нафтӣ ворид созанд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, 600 миллиард […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти Ӯзбекистон  Шавкат Мирзиёев ба вазорати молияи Ӯзбекистон дастур додааст, ки то охири соли равон ба корхонаҳои коркарди нафти ин кишвар аз буҷаи давлат ду триллион сӯм (ҳудуди 250 миллион доллар) қарзи бефоиз ҷудо кунад, то маводи хоми карбогидридӣ ва маҳсулоти тайёри нафтӣ ворид созанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, 600 миллиард сӯми ин маблағ бояд то охири ҳафтаи равон барои ҳалли фаврии мушкили норасоии бензин дар нуқтаҳои фурӯши Ӯзбекистон ҷудо карда шавад.

Гуфта мешавад, сар аз 15 ноябри соли равон андоз аз истифодаи бензин ва сӯзишвории дизелӣ низ 50% коҳиш ёфтааст. Дар Ӯзбекистон пардохткунандагони ин намуди андоз шахсони ҳуқуқие ҳастанд, ки ба воситаи нуқтаҳои фурӯш газ, бензин ва сӯзишвориҳои дизелиро ба истеъмолкунандагон мерасонанд.

Зимнан зикр мегардад, ки Мирзиёев ҳамчунин ширкатҳоеро, ки аз хориҷ ба Ӯзбекистон маводи хоми карбогидридӣ ворид месозанд, новобаста аз шакли моликият ва ҳадафи воридоташон то 1 январи соли 2020 аз боҷи гумрукӣ озод кардааст.

Қобили зикр аст, ки дар Ӯзбекистон тайи чанд рӯзи ахир нархи бензин якбора боло рафта, нархи чаканаи як литр бензини навъи АИ-80 то ба 3800 сӯм (ҳудуди 0,5 доллар) расид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.