Дар Хуҷанд барои хонандагони болаёқат Мактаби президентӣ боз шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқатро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Президент бо шароити таълим шинос шуда, бо хонандагону таълимгирандагони ин даргоҳ суҳбати самимӣ орост. Муассисаи таълимии мазкур барои 2600 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, бо […]

Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқатро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Президент бо шароити таълим шинос шуда, бо хонандагону таълимгирандагони ин даргоҳ суҳбати самимӣ орост.

Муассисаи таълимии мазкур барои 2600 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, бо назардошти талаботи муосир ба истифода дода шуд. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2006 оғоз ёфта, барои сохтмони он бештар аз 25 миллион сомонӣ маблағ харҷ гардидааст.

Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд буда, пудратчӣ Идораи сохтмонии рақами 1 ва рақами 5 мебошанд. Лоиҳаи муассиса аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Суғдлоиҳакаш" таҳия гардидааст.

Иншооти мазкур дар масоҳати 2 гектар замин сохта шуда, бо системаи гармидиҳӣ, ки тариқи буғхонаи муосир фаъолият мекунад, таъмин аст.

Таълимгоҳ аз 4 бино иборат буда, дорои 33 синфхонаи таълимист. Ҳамзамон муассиса дорои ошхона бо 200 ҷойи нишаст, толори маҷлисӣ бо 200 ҷой, устохонаи таълимӣ, синфхонаҳои инкишофи кӯдакон, утоқҳо барои гузаронидани маҳфилҳо буда, толору майдончаи варзишӣ ҳам бо назардошти меъёрҳои замони муосир сохта шудаанд. Ҳамзамон синфхонаҳои алоҳида барои гузаронидани дарсҳои химия, биология ва компютер пешбинӣ шуда, дар утоқҳои таълимӣ 10 адад тахтаи электронӣ насб гардидааст.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки 80 нафар омӯзгор ва дигар кормандони Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар асоси озмун ба кор қабул гардидаанд ва онҳо устодони ботаҷрибаву пешқадаманд.

Пас аз ифтитоҳи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони шаҳри Хуҷанд мулоқот кард. Сарвари давлат назди ҳозирин бо таҳлили амиқи дастовардҳои дирӯзу имрӯзи шаҳр суханронӣ намуда, барои рушду нумуъ ва пешрафти бештари он таклифу пешниҳодҳои асоснок ба миён гузошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.