Сохтмони корхонаи нави алюминий дар Тоҷикистон. Баробар бо иқтидори ТАЛКО

Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) солҳои наздик ҳаҷми истеҳсоли алюминийро то ба 1 млн. тонна расониданист. Барои амалӣ сохтани ин мақсад ширкат аллакай соли 2018 ба сохтмони корхонаи нав ва ҳамчунин таҷдиди корхонаи амалкунанда оғоз мекунад. Роҳбари департаменти иттилоотиву таҳлилии ТАЛКО Игор Сатторов имрӯз зимни брифинг дар Душанбе изҳор дошт, ки қарордоди сохтмони корхонаи нав дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) солҳои наздик ҳаҷми истеҳсоли алюминийро то ба 1 млн. тонна расониданист. Барои амалӣ сохтани ин мақсад ширкат аллакай соли 2018 ба сохтмони корхонаи нав ва ҳамчунин таҷдиди корхонаи амалкунанда оғоз мекунад.

Роҳбари департаменти иттилоотиву таҳлилии ТАЛКО Игор Сатторов имрӯз зимни брифинг дар Душанбе изҳор дошт, ки қарордоди сохтмони корхонаи нав дар қаламрави ТАЛКО бо ширкати Yunnan зимни сафари охири Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин ба ҳосил шуда буд.

Ба гуфтаи ӯ, ширкати чинӣ аллакай пешакӣ заминаи техникиву иқтисодиро омода карда, айни замон ба таҳияи лоиҳа машғул аст.

Иқтидори истеҳсолии корхонаи нав 503 ҳазор тонна алюминии аввалия дар як солро ташкил дода, ҳамчунин коргоҳҳои рехтагарӣ (800 ҳазор тонна) ва анодӣ (300 ҳазор тонна) низ ба сохтори он дохил мешаванд.

«Чунин корхонаҳо, ки дар он аз технология муосиртарин барои имрӯз истифода шудааст, соли 2017 танҳо се адад дар Чин сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст», – гуфт ӯ.

Нархи сохтмони корхона 1,6 млрд. доллар арзёбӣ шуда, бунёди он соли оянда оғоз ва муҳлати сохтмон – якуним сол муқаррар шудааст.

«Корхонаи нави алюминий ба муҳайё кардани 1,1 ҳазор ҷойи кории нав бо маоши баланд дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон имкон дода, ваннаҳо (зарфҳо)-и электролизии корхонаи нав ба сарфаи миқдори зиёди нерӯи барқ ва навъҳои асосии ашёи хом: гилхок, криолит, алюминии фтористӣ ва ҳамчунин анод шароит фароҳам меоранд», – қайд кард Сатторов.

Ҳамзамон бо корхонаи нав корхонаи амалкунанда низ фаъолият хоҳад кард, ки иқтидори истеҳсолиаш 517 ҳазор тонна алюминий дар як сол мебошад.

Номбурда таъкид дошт, ки соли оянда «ТАЛКО нияти қатъӣ дорад, ки ба амалисозии барномаи давра ба давра пурра азнавсозии истеҳсоли алюминий ва гузаштани он ба технологияҳои нави муосир оғоз намояд».

«Дар дурнамо мо ба истеҳсоли 1 млн. тонна алюминий ноил гардиданием. Барои ин ширкат имконоти зарурӣ дорад, ки бо қарордодҳо ҳам дар саҳти ширкатҳои шарик ва ҳам сатҳи байнидавлатӣ тасдиқ шудааст», – афзуд намояндаи ширкат.

Қобили зикр аст, ки тӯли 9 моҳи соли равон дар ширкати ТАЛКО 76 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27 ҳазор тонна камтар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.