Кумаки ҳукумати Ҷопон ба Федератсияи бадминтони Тоҷикистон

Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон  Ҳаҷимэ Китаока имрӯз ба раиси Федератсияи бадминтони Тоҷикистон Кабир Ҷӯразода аз номи Асостсиатсияи бадминтони Ҷопон таҷҳизотҳои бадминтонӣ супорид, ки ҳамчун қисми таркибии барномаи “Варзиш барои фардо” мебошад. Тавре аз сафорати Ҷопон дар ҶТ хабар доданд, Федератсияи бадминтони Тоҷикистон ташкилоти нисбатан ҷавон буда фаъолияти худро дар соли 2011 оғоз намудаст ва мунтазам […]

Иттилоияи расмӣ

Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон  Ҳаҷимэ Китаока имрӯз ба раиси Федератсияи бадминтони Тоҷикистон Кабир Ҷӯразода аз номи Асостсиатсияи бадминтони Ҷопон таҷҳизотҳои бадминтонӣ супорид, ки ҳамчун қисми таркибии барномаи “Варзиш барои фардо” мебошад.

Тавре аз сафорати Ҷопон дар ҶТ хабар доданд, Федератсияи бадминтони Тоҷикистон ташкилоти нисбатан ҷавон буда фаъолияти худро дар соли 2011 оғоз намудаст ва мунтазам мусобиқаҳо дар сатҳи гуногун анҷом медиҳад.

Ассотсиатсияи бадминтони Ҷопон барои беҳтар намудани шароити таълими Федератсияи бадминтони Тоҷикистон ва дастгирии варзишгарони ҷавон таҷҳизоти бадминтонӣ дастрас намуд. Аз ҷумла 30 рокетка, 15 ҷуфт либосҳои варзишӣ, 10 ҷуфт пойафзоли варзишӣ  ва 80 тӯбчаи бадминтонӣ дастрас гардонида шуд.

Гуфта мешавад, тавассути барномаи Ҷопон “Варзиш барои фардо” як қатор лоиҳаҳо дар саросари ҷаҳон амалӣ мешаванд. Лоиҳаи дар боло зикргардида барномаи сеюмин дар Тоҷикистон татбиқшаванда мебошад.

Қаблан соли 2016 "Лоиҳаи таъмини таҷҳизот барои Федератсияи дзюдо дар Тоҷикистон" ва дар соли 2017 "Лоиҳаи беҳтар намудани таҷҳизоти таълимии варзишӣ барои варзишгарони маъюби Тоҷикистон" бомуваффақият амалӣ гардида буданд. Барнома ба густариш ва ҳавасманд гардонидани варзиш, минҷумла ҳаракати Олимпӣ ва Паралимпӣ барои одамони наслҳои гуногун, аз ҷумла ҷавонони ояндасоз равона шудааст.

Барнома дар давраи солҳои 2014 – 2020 амалӣ гашта, беш аз 10 миллион нафарро дар зиёда аз 100 кишвари дунё дар бар мегирад. Босамар ва бомуваффақ амалӣ намудани барномаи “Варзиш барои фардо” то Бозиҳои Олимпӣ ва Паралимпии Токио 2020 аз шумули ӯҳдадориҳои ҳукумати Ҷопон мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.