Лавров: Имконоти пайвастани Тоҷикистон ба ИИАО баррасӣ мешавад

Sputnik Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор доштааст, ки  масоили пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) баррасӣ мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи хабаргузории Sputnik Тоҷикистон, ин мансабдорои баландпояи Русия гуфтааст, кишвараш аз пайвастани Озарбойҷон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё истиқбол хоҳад кард.

«Ин як иттиҳоди бози интегролӣ аст ва аз пайвастани кишварҳои нав ҳамеша истиқбол хоҳанд кард. Дар ҳоли ҳозир имконоти пайвастани Тоҷикистон ба ин созмон баррасӣ мешавад», — гуфтааст ӯ дар дидор бо донишҷӯёни донишгоҳи дипломатии шаҳри Боку.

Гуфта мешавад, бино ба гузоришҳои расонаҳои хабарии Русия ва Озарбойҷон, Сергей Лавров зикр кардааст, ки "бисёре аз кишварҳои ҷаҳон хостори роҳандозии равобити ҳамкорӣ бо ин иттиҳод ҳастанд".

Вазири корҳои хориҷии Русия ҳамчунин қайд кардааст, ки, "кишварҳое дар навбат истодаанд, то дар мавриди минтақаи озоди бозаргонӣ тавофуқ кунанд».

«Иттиҳоди Аврупо аз роҳандозии иртибот бо ИИАО худдорӣ мекунад. Онҳо худро муҷозот мекунанд, мо низ аз ин бурд нахоҳем кард. Набояд барои рақобат бо дигарон бошгоҳҳои пӯшида иҷод кард», – иброз доштааст Лавров.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...