АНОНС
– Дар маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ бо иштироки шарикон ва ҷонибҳои манфиатдори лоиҳаи «Тақвияти нақши ҷавонон дар ноил гардидан ба тағйироти устувор» мизи гирд баргузор мешавад.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.8197 сомонӣ;
1 евро – 10.3385 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1470 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1962 — Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон таъсис дода шуд.
2010 — Дар натиҷаи амалиёти махсуси сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар водии Рашт ду нафар аъзои фаъоли гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ кушта шуданд.
2010 — 136 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таълимии динии Эрон таҳсил мекарданд, ба ватан баргаштанд.
1935 – Зодрӯзи оҳангсоз Саид Ҳамроев.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона +5+10.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +16+21; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +14+19.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.
Ҳарорат: дар ғарб шабона -3-8, рӯзона +8+13; дар шарқ шабона -17-22, рӯзона -4+1.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +15+20; дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +10+15.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +16+18.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +12+14.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +18+20.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона -5-7, рӯзона +10+12.


