«Эксим Бонк»-и Ҳиндустон ба кӣ афзалият медиҳад – «Спитамен Бонк» ё «Ориёнбонк»?

Бонки содиротиву воридотии «Эксим Бонк»-и Ҳиндустон ба роҳандозии ҳамкорӣ ба бонкҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ин самт «Спитамен Бонк» ва «Ориёнбонк»-ро мавриди назар қарор додааст. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар мулоқот бо раҳбарияти Бонки миллӣ роҳбари «Эксим Бонк» Равиндранат Менон изҳор доштааст, ки дар баробари таҳкими рушди тиҷорат бо Тоҷикистон, […]

Бонки содиротиву воридотии «Эксим Бонк»-и Ҳиндустон ба роҳандозии ҳамкорӣ ба бонкҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ин самт «Спитамен Бонк» ва «Ориёнбонк»-ро мавриди назар қарор додааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар мулоқот бо раҳбарияти Бонки миллӣ роҳбари «Эксим Бонк» Равиндранат Менон изҳор доштааст, ки дар баробари таҳкими рушди тиҷорат бо Тоҷикистон, бонк инчунин омода аст ҳамкориро бо бонкҳои Тоҷикистон дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда, барои фароҳам овардани фазои хуби сармоягузорӣ ва дастгирии низоми бонкӣ мусоидат намояд.

Гуфта мешавад, аз ин рӯ, Равиндранат С.П. Менон барои ҳамкорӣ бонкҳои тиҷоратии ҶСП “Спитамен Бонк” ва ҶСК “Ориёнбонк”-ро мавриди омӯзиш қарор дода, дар оянда барои маблағгузорӣ ба яке аз ин бонкҳо ҷиҳати дастгирии истеҳсолот, аз ҷумла истеҳсолоти ватанӣ ва ширкатҳои Ҳиндустон, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, изҳори таваҷҷуҳ намудааст.

Зикр мегардад, ки “Эксим Бонк”-и Ҳиндустон соли 1982 бо дастгирии ҳукумати Ҳиндустон ташкил ёфта, аз замони ташкилёбиаш то ба имрӯз дар самти рушди иқтисодиёт ва дастгирии тиҷорати хурду миёна, дар шакли воридоти таҷҳизоти техникӣ, тақвияти содироти маҳсулот, хизматрасонии логистикӣ ва сармоягузорӣ дар кишварҳои хориҷӣ фаъолият дорад.

«Спитамен Бонк» соли 2013 таъсис ёфта, молики пурраи саҳмияҳои ин бонк ширкати «Спитамен Иншуренс» мебошад, ки мансубияташро ба шахсони наздики раҳбарияти олии кишвар рабт медиҳанд. Роҳбарии ин бонкро менеҷери бонкии маъруф дар Тоҷикистон, замоне раиси «Агроинвестбонк»-и акнун дучори мушкилот Ниёзмурод Саидмуродов бар дӯш дорад.

Ба «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.