Тахриби хонаҳо дар Тошканд барои бунёди Маркази рушди исломӣ

Дар Ӯзбекистон сокинони манзилҳои хусусии воқеъ дар маҳаллаи масҷиди "Ҳазрати Имом", дар қисми қадимии шаҳри Тошканд огоҳӣ гирифтаанд, ки хонаҳояшон тахриб хоҳад шуд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, қарор аст, ба ҷои манзилҳои онҳо бинои Маркази рушди исломии Ӯзбекистон бунёд шавад. Як сокини кӯчаи "Заркайнар"-и шаҳри Тошканди қадимӣ бо номи Муяссар гуфтааст, […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар Ӯзбекистон сокинони манзилҳои хусусии воқеъ дар маҳаллаи масҷиди "Ҳазрати Имом", дар қисми қадимии шаҳри Тошканд огоҳӣ гирифтаанд, ки хонаҳояшон тахриб хоҳад шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, қарор аст, ба ҷои манзилҳои онҳо бинои Маркази рушди исломии Ӯзбекистон бунёд шавад.

Як сокини кӯчаи "Заркайнар"-и шаҳри Тошканди қадимӣ бо номи Муяссар гуфтааст, дар ин бобат ибтидои моҳи ноябр аз ҳукумати ноҳияи Олмазор огоҳинома гирифтаанд.

"Огоҳинома фиристоданд ва намояндагони ҳукумати ноҳия низ омада, гуфтанд, ба шахсоне, ки намехоҳанд, ба биноҳои баландошёна кӯч банданд, ҷубронпулӣ пардохт мешавад, то манзили дигар харанд. Мегӯянд, биноҳои серошёна дар ноҳияи Сергелӣ ҷойгиранд. Аммо мо талаб дорем, ки дар маркази шаҳр хона диҳанд. Ҳамсояҳо ҳам ба пешниҳоди мақомот розӣ нестанд", – афзуд ӯ.

Яке аз масъулони Раёсати меъморӣ ва сохтмони шаҳри Тошканд гуфт, қарор аст, дар қисми қадимии пойтахти Ӯзбекистон ба ҷои хонаҳои тахрибшаванда бинои Маркази рушди исломӣ бунёд шавад. Ба гуфтаи ӯ, сокинон хаттӣ огоҳӣ гирифтаанд ва бояд хонаҳои худро холӣ кунанд.

Тошканди қадимӣ, ки дар он ноҳияҳои Олмазор ва Шайхонтоҳур ҷойгиранд, сераҳолитарин қисми пойтахти Ӯзбекистон шумурда мешавад. Дар он то ҳол як чанд маҳаллаҳои қадимии ӯзбекӣ ҳифз шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.