Қатъи дастрасии қисме аз маъюбон ба нафақа дар Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон додани нафақа ба беш аз 3,5 ҳазор нафар, ки аз рӯи маъбӣ нафақа мегиранд, боздошта шуд.

«Аз теъдоди умумии нафақагирон дар асоси Фармоиши муштарак байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк», пардохти нафақаи 3580 нафар муваққатан боздошт шуда, онҳо дар муоинаи такрории тиббӣ қарор доранд», – зикр мегардад дар ин робита дар маълумоти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ.

Бино ба маълумоти Агентӣ, дар Тоҷикистон ба сурати умум 147 ҳазор нафар бознишастагон аз рӯи маъюбӣ нафақа мегиранд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2014 дар Тоҷикистон нафақаи ғайриқонунӣ таъиншудаи 5,6 ҳазор нафар аз рӯи маъюбӣ бекор карда шуд.

Президенти ҷумҳурӣ он замон дастур дода буд, ки корҳои ошкор ва бекор намудани чунин нафақаҳо, ки то синнусоли муқарраршуда ё корношоям будан аз рӯи беморӣ таъин шудаанд, идома дода шавад.

То ин вақт Президент соли 2012 фармонеро ба имзо расонид, ки мутобиқи он ба Вазорати тандурустӣ дастур дода шуд, то ки рӯйхати шахсони аз рӯи маъбӣ нафақагирандаро тартиб дода, нафақаҳои ғайриқонунӣ таъиншударо ошкор ва бекор кунад. Ин рӯйхатро Вазорати тандурустӣ таҳия ва ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ҳамчунин ба «Амонатбонк» пешниҳод кард.

Суғуртаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон дар ҳолати ба маъюбӣ гирифтор шудан ва доштани собиқаи суғуртаи на камтар аз 60 моҳ таъин карда мешавад.

Маъюбон дар Тоҷикистон ба се гурӯҳ (I,II ва III) дараҷабандӣ шуда, сатҳи аз даст додани коршоямиро мақомоти вакодатдори давлатӣ – Вазорати тандурустӣ муайян мекунад.

Андозаи миёнаи нафақаи суғуртавӣ (аз рӯи маъюбӣ) ва андозаи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ айни замон 272 сомониро ташкил медиҳад. Андозаи миёнаи нафақаи меҳнатӣ ба 302 сомонӣ ва нафақаи иҷтимоӣ ба 146 сомонӣ баробар аст.

Шумори умумии  нафақахӯрон дар Тоҷикистон айни замон беш аз 660 ҳазор нафарро ташкил дода, ҳамасола барои пардохти нафақаи бознишастагон беш аз 2,7 млрд. сомонӣ маблағ зарур аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...