Ҳукми ҳабси абад ба Ратко Младич ба иттиҳоми наслкушӣ

Додгоҳи низомии СММ собиқ фармондеҳи сербҳои Босния Ратко Младичро аз рӯи 11 иттиҳоми ворида дар 10 маврид гунаҳгор дониста, ӯро барои содир кардани ҷиноят алайҳи башарият, аз ҷумла наслкушӣ гунаҳгор номид ва ба ҳукми ҳабси абад маҳкум намуд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ҳукми бебозгашти Младич охирин мурофиаи Додгоҳи байналмилалии ҷинояти ҷангӣ аст, ки барои […]

Радиои Озодӣ

Додгоҳи низомии СММ собиқ фармондеҳи сербҳои Босния Ратко Младичро аз рӯи 11 иттиҳоми ворида дар 10 маврид гунаҳгор дониста, ӯро барои содир кардани ҷиноят алайҳи башарият, аз ҷумла наслкушӣ гунаҳгор номид ва ба ҳукми ҳабси абад маҳкум намуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ҳукми бебозгашти Младич охирин мурофиаи Додгоҳи байналмилалии ҷинояти ҷангӣ аст, ки барои муҷозоти омилони ҷиноятҳои ҷангии солҳои 1990-уми Югославияи собиқ дар Гаага ҷараён дошт.

Гуфта мешавад, Младич, ки душманонаш ӯро "қассоби Босния" ном мебурданд, аз рӯи 11 банди иттиҳоми наслкушӣ, ҷиноят алайҳи инсоният ва ҷинояти ҷанг муттаҳам мешуд. Младич тамоми иттиҳомотро рад мекунад.

Ратко Младичи 75-сола дар заминаи куштори 8 ҳазор мусалмони босниягӣ – асосан мардону писарҳо, соли 1995 дар Сребренитса ба наслкушӣ муттаҳам шуд. Ин ваҳшонияте буд, ки аз замони Ҳолокост дар Аврупо намуна надошт.

Додраси мурофиа Алфонс Орие, ки дар ҷараёни қироати ҳукм бо сабаби доду фиғони Младич ӯро аз толор берун кард, гуфт, нафари муттаҳам ҷиноятҳои мудҳиш анҷом додааст. Ҷараёни муҳокима дар маҷмӯъ 530 рӯз идома кард.

Додситонҳо гуфтаанд, ки сарбозони Младич қабл аз ҷудо кардани мардҳо барои қатл, нирӯҳои посдори Созмони Милалро як тараф ронда, пиронсолону занону кӯдаконро ба автобусу мошинҳо бор карданд ва ба қаламравҳои таҳти назорати худ бурданд.

Мардону писарҳоро аз пушт парронданд ва ба гӯрҳои дастҷамъӣ партофтанд. Дар солҳои баъдӣ, ҷасадҳои ҳудудан 7 ҳазор қурбонӣ аз рӯи ДНК шиносоӣ шуд. Аммо бо гузашти даҳсолаҳо ҳазорҳо нафар ҳанӯз гумном боқӣ мемонанд.

Зимнан зикр мегардад, ки соли 2007 трибунали Гаага кушторҳои дастҷамъиро, ки сербҳои Босния содир карданд, наслкушӣ эълон кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.