Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар «Душанбе-Плаза» конфронси ҳамасолаи Шабакаи чарогоҳҳо доир мегардад, ки ҳадафи аслиаш имкони шиносоӣ бо иштирокчиёни таҷрибадор аз ташкилотҳои гуногуни марбут ба омӯзиши масоили чарогоҳҳо, табодули таҷриба дар ин соҳа ва омӯзиши хулосаву тавсияҳои созмонҳову коршиносон унвон мешавад; – Дар Маркази илму фарҳанги Русия вохӯрии сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов бо иштирокчиёни Фестивали […]

АНОНС

– Дар «Душанбе-Плаза» конфронси ҳамасолаи Шабакаи чарогоҳҳо доир мегардад, ки ҳадафи аслиаш имкони шиносоӣ бо иштирокчиёни таҷрибадор аз ташкилотҳои гуногуни марбут ба омӯзиши масоили чарогоҳҳо, табодули таҷриба дар ин соҳа ва омӯзиши хулосаву тавсияҳои созмонҳову коршиносон унвон мешавад;

– Дар Маркази илму фарҳанги Русия вохӯрии сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов бо иштирокчиёни Фестивали 19-уми ҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён, ҳамчунин хатмкардагони барномаи «Насли нав» баргузор мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8186 сомонӣ;

1 евро – 10.3663 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1485 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1930 – Таъсиси ноҳияҳои Мӯъминобод, Кӯлоб, Фархор, Совет, Айнӣ ва Панҷакент.

1948 – Комбинати маъдани кӯҳии Такоб ба истифода дода шуд.

2006 — Дар Тоҷикистон нахустин Намоишгоҳи байнулмилалии индустрияи маҳсулоти ғизойӣ «Interfood Tajikistan-2006» ба кор шурӯъ кард.

2012 — Дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе таҳти унвони «Дӯстӣ бидуни марзҳо» форум баргузор шуд.

1918-1995 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Яъқуб Тоҷиев.

1924 – Мавлуди мунаққиди адабӣ, олими адабиётшинос Соҳиб Табаров.

1970 – Зодрӯзи рӯзноманигор Пайрав Чоршанбиев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона +5+10.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +16+21; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +14+19.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона -3-8, рӯзона +8+13; дар шарқ шабона -17-22, рӯзона -4+1.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +15+20; дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +10+15. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +16+18.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +18+20.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -5-7, рӯзона +10+12.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.