Дар ИМА ба Сайфулло Саипови террористи ӯзбекистонӣ тибқи 22 банд айбнома эълон шуд

Дар ИМА зидди муҳоҷири ӯзбекистонӣ, ки баъди пахши одамон дар Ню-Йорк боздошт шуд, бар асоси 22 банд, аз ҷумла куштор ва дифоъ аз гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" айб эълон карданд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бар асоси хулосаи нави мақомот, Сайфулло Саипови 29-сола дар куштори 8 тан ва талоши куштори 12 каси […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар ИМА зидди муҳоҷири ӯзбекистонӣ, ки баъди пахши одамон дар Ню-Йорк боздошт шуд, бар асоси 22 банд, аз ҷумла куштор ва дифоъ аз гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" айб эълон карданд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бар асоси хулосаи нави мақомот, Сайфулло Саипови 29-сола дар куштори 8 тан ва талоши куштори 12 каси дигар айбдор мешавад. Дар сурати исбот шудани айби Саипов, нисбати вай ҳукми қатл татбиқ хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, Сайфулло Саипов 21 октябр, баъди он боздошт шуд, ки бо мошини борбари иҷора дар роҳи пиёдагард одамонро пахш кард.

Ин ҳодиса баъди ҳамлаи 11 сентябри соли 2011 хунинтарин ҳамла эълон шуд. Саипов ба маҳзи боздошт шудан дар терроризм айбдор гардид. Аммо додситонҳо чанд ҳафтаи дигарро сарф карданд, то айбҳои навро нисбати вай эълон кунанд.

Вакили Саипов то кунун айбҳои навро шарҳ надодааст. Интизор меравад, Саипов 28 ноябр дар додгоҳ посух гӯяд.

Зикр мегардад, ки додситони кулли ИМА Ҷефф Сешнс ин ҳодисаро "ҳамлаи тарҳрезишудаи террористӣ" унвон кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.