Ташхиси дастаҷамъонаи бакорати толибаҳои мактаб дар Самарқанд

Духтарони синфҳои болоии мактабҳои миёна ва донишҷӯёни коллеҷҳои вилояти Самарқанди Ӯзбекистонро дастаҷамъона ба ташхиси духтури занона мефиристанд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, як корманд аз ҳукумати вилояти Самарқанд гуфтааст, ин тасмим ба хотири ифшои духтароне рӯи даст гирифта шудааст, ки аллакай робитаҳои ҷинсӣ доранд. Ба гуфтаи ин манбаъ, хонандагон ба он хотир […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Духтарони синфҳои болоии мактабҳои миёна ва донишҷӯёни коллеҷҳои вилояти Самарқанди Ӯзбекистонро дастаҷамъона ба ташхиси духтури занона мефиристанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, як корманд аз ҳукумати вилояти Самарқанд гуфтааст, ин тасмим ба хотири ифшои духтароне рӯи даст гирифта шудааст, ки аллакай робитаҳои ҷинсӣ доранд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, хонандагон ба он хотир ташхис мешаванд, ки "аксари вақт духтарони ҷавон ҳангоми аз даст додани бакорат ё ҳомиладор шудан ба хотири беобрӯ накардани худу наздиконашон, худкушӣ мекунанд".

Мансабдор изҳор доштааст, ки баъди ташхис бо волидони духтароне, ки бакораташонро аз даст додаанд омӯзгорон, табибон ва равоншиносон суҳбат мекунанд.

Гуфта мешавад, натиҷаҳои ташхис нишон доданд, ки даҳҳо хонанда ҳомиладор ҳастанд. Омӯзгорон ва табибон волидони духтаронро дар ҷараён гузоштаанд.

Аммо хонандагон гуфтаанд, онҳоро иҷборан ташхис мекунанд. Як донишҷӯи коллеҷ зикр кардааст, ки баъди ташхис тамоми донишҷӯён огаҳӣ ёфтанд, ки як ҳамдарсашон ҳомиладор аст.

Зимнан зикр мегардад, ки тасмими роҳбарони вилоят дар мавриди ташхиси хонандагон баъди суҳбати президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сурат мегирад. Мирзиёев 9 ноябр ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи шӯрои вакилони мардумии вилояти Самарқанд гуфт, худкушии занону духтарон дар вилоят дар ҳоли афзоиш аст. Ба гуфтаи Мирзиёев, дар чанд вақти охир дар вилоят 145 зан ва духтари ҷавон худкушӣ кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.