Агентии зиддифасод аз боздошти сармуфаттиши РВКД дар Суғд хабар дод

Asia-Plus

Кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба фаъолияти як гурӯҳи ҷиноятпешаи машғул ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир хотима бахшиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии зиддифасод, ба ин гурӯҳ ваколатдори калони оперативии ШКҶ ШВКД-и ҶТ дар вилояти Суғд Руслан Шарипов ва сокини ноҳияи Мастчоҳ Муҳаммад Шарифов шомил будаанд.

«Санаи 22 ноябри соли 2017 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷуӣ Муҳаммад Шарифов ва Руслан Шарипов зимни муомилоти ғайриқонунии воситаи нашъадор дастгир гардиданд», – омадааст дар маълумоти Агентӣ.

Гуфта мешавад, аз онҳо ба миқдори 34 кг. 759 грамм воситаи нашъадори афюн ва 47кг. 157 грамм воситаи нашъадори ҳашиш, ки ҷамъи умумии онҳо 81 кг. 916 граммро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати гумонбаршудагон Шарифов бо моддаи 200 қисми 4 банди “д” КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад. Дар ин модда маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 12 то 20 сол пешбинӣ мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...