Ба Тоҷикистон боз қиматкунии барқро тавсия медиҳанд. Ин дафъа БАТР

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки тадриҷан ба тарифҳои нерӯи барқ тасҳеҳот ворид намояд.

Дар гузориши нави БАТР оид ба Тоҷикистон таъкид мешавад, ки тарифҳои нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ бояд «бо гузашти вақт тасҳеҳ шаванд» ва ҳамзамон зарурати ҳалли «масъалаҳои дахлдори иҷтимоӣ» низ ба инобат гирифта шавад.

Ба истилоҳи дигар, бонк ба ҳукуматдорони Тоҷикистон тадриҷан боло бурдани тарифҳо ба нерӯи барқ ва ҳамзамон ҷустуҷӯи роҳу воситаҳои дастгирӣ аз қишри осебпазири аҳолиро дар ин замина тавсия медиҳад.

Дар ҳошияи «оқилона муайян кардани тарифҳо дар соҳа» таҳлилгарони бонк зарурати суръатбахшӣ ба ҷараёни азнавташкилдиҳии сохтори ширкати «Барқи тоҷик», шаффофият дар истеҳсолу интиқол ва тақсимоти барқро тавсия додаанд, ки ин се таркиб баъди пурра азнавсозии сохтори «Барқи тоҷик» тақсим хоҳанд шуд.

Ҳанӯз соли 2012 Бонки ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода буд, ки тарифҳои истифодаи нерӯи барқ барои истеъмолгарони маишӣ тадриҷан то 3,5 сент афзоиш дода шаванд. Имрӯз аҳолӣ барои 1 кВт/соат нерӯи барқ қариб 2 сент маблағ пардохт мекунад.

Аввали соли равон Бонки осиёгии рушд аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо карда буд, ки арзиши нерӯи барқро бозбинӣ карда, барои бархе аз гурӯҳҳо қимати онро боло бубарад. Пешниҳоди БОР аз он иборат буд, ки нархи нерӯи барқ барои корхонаҳои хусусӣ ва соҳибкорон поин бурда шуда, барои пойгоҳҳои обкашонӣ ва аҳолӣ гаронтар шавад.

Қобили зикр аст, ки тарифҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон қариб ҳар сол барои ҳамаи дараҷаҳои истеъмолгарон, ба ҷуз Ширкати алюминии тоҷик боло бурда мешаванд. Ахиран тарифҳо аз 1 октябри соли равон тағйир ёфта, айни замон аҳолӣ барои 1 кВт/соат нерӯи барқ 16,85 дирам маблағ пардохт мекунад.

Феълан тарифҳо барои истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ – 40,99 дирам, истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ – 16,85 дирам, пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ (водопровод) ва пойгоҳҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии мелиоратсия ва обёрии назди ҳукумати ҶТ – 5,86 дирам (аз 1 апрел то 30 сентябр) ва 16,85 дирам (аз 1 октябр то 31 март) ва барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ – 5,8 дирамро ташкил медиҳад.

Тарифҳо барои истифодаи барқ дар дегҳо ва таҷҳизоти барқӣ бо мақсади таъмини биноҳо бо оби гарм ва гармӣ – 101,54 дирам барои 1 киловатт (барои соҳаи ғайрибуҷетӣ) ва 30,15 дирам (барои ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ) муқаррар шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тарифҳои истифодаи барқ барои истеъмолгари асосии нерӯи барқ – КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон» бетағйир боқӣ мемонанд: аз 1 май то 30 сентябр – 7,20 дирам барои 1 киловатт/соат ва дар мавсими зимистон (аз 1 октябр то 30 апрел) – 11,80 дирам.

Анҷоми ҷараёни азнавташкилдиҳии сохтори ширкати «Барқи тоҷик» соли 2018 ба нақша гирифта шуда, он аз се марҳила – тиҷоратикунонӣ (солҳои 2011-2013), рақобатпазирӣ (солҳои 2014-2015) ва хусусигардонӣ (солҳои 2016-2018) иборат аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...