Баррасии фаъолияти корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин дар парлумон

Asia-Plus

Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – «Чжунгсай Моҳир Семент» ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ҳисобот дод.

Корхонаи мазкурро парлумон қаблан  барои воридоти маҳсулоту бори мавриди истифода дар сохтмону бо таҷҳизот таъмин кардани он аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ озод карда буд.

Зимни суханронӣ дар муҳокимаи ошкорои парлумонӣ муовини аввали директори генералии ширкати «Чжунгсай Моҳир Семент» Барфихон Холов изҳор намуд, ки тӯли 9 моҳи соли равон дар корхона ҳудуди 635 ҳазор тонна семент истеҳсол шуда, ба буҷети кишвар беш аз 28 млн. сомонӣ маблағи андоз пардохта шуд.

Ӯ зикр кард, ки дар корхона озмоишгоҳи таъмин бо таҷҳизоти муосир фаъолият дорад, ки дақиқан барои муайян кардани сифати семент истифода мешавад. «То имрӯз беш аз 500 нафар (416 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон) бо ҷойҳои корӣ таъмин гардида, музди меҳнаташон 1800-2600 сомониро ташкил медиҳад», – гуфт ӯ.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар заминаи ҳамин корхона коргоҳи истехсоли халта ба маблағи 7 млн. доллари амрикои бо 112 ҷойи кори  доимӣ ба истифода дода шудааст, ки иқтидори солонаи коргоҳ 40 млн. дона халта дар як сол мебошад.

Ба қавли Холов, аз ҳисоби воситаҳои умумӣ сохтмон ва ба истифода додани коргоҳҳои истеҳсоли варақаҳои гипоскартонӣ бо иқтидори солонаи 1 млн. метри мураббаъ ба маблағи 120 млн. сомонӣ ва халтаҳои коғазӣ бо иқтидори солонаи 80 млн. дона ба маблағи қариб 80 млн. сомонӣ дар назар аст.

Номбурда ҳамчунин изҳор намуд, ки то охири соли 2018 сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли сохторҳои алюминий низ пешбинӣ шудааст.

Моҳи августи соли 2016 дар  ноҳияи Ёвон бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Корхонаи истеҳсоли сементи ҶДММ “Чжунгтсай Моҳир Семент” доир гардид.

Корхона бо иқдоми соҳибкори ватанӣ  Баҳриддин Ҷӯраханов дар майдони 22 гектар бунёд гардида, барои сохтмони он сармояи  умумӣ дар ҳаҷми  958 млн. сомонӣ ҷалб шудааст, ки  35 фоизи ин маблағ  саҳми соҳибкори ватанӣ ва боқимонда 65 фоиз сармояи хориҷӣ мебошад. Иқтидори истеҳсолии корхона  ба 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент дар  як сол баробар  аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...