Юнон истирдоди як фаъоли ҲНИТ-ро ба Тоҷикистон рад кард

Бо қарори Додгоҳи Олии Юнон як узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки тавассути Интерпол дар фурудгоҳи Атен боздошт шуда буд, ба Тоҷикистон истирдод намешавад. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Додгоҳи олии Юнон дар қарори худ гуфтааст, ки бино ба сабаби дорои ангезаҳои сиёсӣ будани қазияи Мирзораҳим Кузов (Шоҳнаими Карим)-и 57-сола, ӯро ба ватан истирдод намекунад. […]

Радиои Озодӣ

Бо қарори Додгоҳи Олии Юнон як узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки тавассути Интерпол дар фурудгоҳи Атен боздошт шуда буд, ба Тоҷикистон истирдод намешавад.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Додгоҳи олии Юнон дар қарори худ гуфтааст, ки бино ба сабаби дорои ангезаҳои сиёсӣ будани қазияи Мирзораҳим Кузов (Шоҳнаими Карим)-и 57-сола, ӯро ба ватан истирдод намекунад. Қозии додгоҳ Кузовро аз толори додгоҳ озод кард ва иттиҳоми ворида алайҳи Кузовро беасос донист. Дар ин мурофиа раҳбарияти ҳизб ҳам иштирок кардааст.

Бо истинод ба иттилои ҲНИТ зикр мегардад, ки , Шоҳнаими Карим аз он аъзои ҳизб аст, ки қабл аз ин рӯйдодҳо Тоҷикистонро тарк карда, тайи ду сол боз дар Туркияву Эрон ба сар мебурд. Шоҳнаими Карим соҳиби панҷ фарзанд аст ва хонаводааш дар Тоҷикистон қарор доранд.

Қобили зикр аст, ки Шоҳнаими Карим дар ҷаласаи ҳуқуқи башари Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Варшава иштирок карда, рӯзи 22-юми сентябр ба кори худ анҷом дод. Рӯзи 9-уми октябр дар роҳи бозгашт аз Варшава ба самти Теҳрон, ӯ аз ҷониби марзбонони юнонӣ дар минтақаи транзитии фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Атен боздошт шуд.

Шоҳнаими Карим бо вуҷуди онки чеҳраҳои матбуотӣ набуд, аз аъзои собиқадори ҲНИТ ба шумор рафта, дар солҳои гузашта “дасти рост”-и Саидабдуллоҳи Нурӣ, муассис ва раҳбари аввали ин ҳизб будааст. Ӯ дар моҳи сентябри оли 2015 дар марҳилае, ки аъзои ҲНИТ дар навоҳию вилоятҳо мавриди таъқиб қарор доштанд, ба Русия ва аз онҷо ба Эрон рафтааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.