Маркази савдои муосири навбатӣ дар ҷойи бозори «Шоҳмансур»

Мувофиқи Нақшаи генералии Душанбе дар ҷойи бозори «Шоҳмансур», ки миёни мардум бо номи «Зелёний» маъруф аст, маркази муосири савдо қомат меафрозад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, дар ҷойи бозор «маркази муосири бисёрсоҳавӣ бо нуқтаҳои фурӯши ҷавобгӯ ба талаботи ҳозира сохта мешавад». Ҳамчунин таъкид шуд, ки мувофиқи Нақшаи […]

Мувофиқи Нақшаи генералии Душанбе дар ҷойи бозори «Шоҳмансур», ки миёни мардум бо номи «Зелёний» маъруф аст, маркази муосири савдо қомат меафрозад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, дар ҷойи бозор «маркази муосири бисёрсоҳавӣ бо нуқтаҳои фурӯши ҷавобгӯ ба талаботи ҳозира сохта мешавад».

Ҳамчунин таъкид шуд, ки мувофиқи Нақшаи генералии шаҳр, то соли 2040 80 фоизи иншооти замони пешин сохташудаи Душанбе кӯчонида шуда, хонаҳои пастошёна аз байн бардошта мешаванд ва ба ивази онҳо манзилҳои бисёрошёна қомат меафрозанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 9 октябр раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар бораи барҳам додани бозори Шоҳмансур ва ҷудо кардани ҷубронпулӣ ба моликони иншооти бартарафшаванда қарор ба имзо расонид.

Бо қарори раиси пойтахт, тамоми қаламрави холишуда бо андозаи 4,3 гектар ба фонди заминҳои захиравии пойтахт дохил карда мешавад: бидуни иҷозаи махсус ҳама гуна сохтмон дар ин ҷо манъ аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.