CAAN: Тоҷикистон роҳу воситаҳои раҳоӣ аз буҳронро меҷӯяд

Asia-Plus

Бо вуҷуди суръатҳои баланди рушди иқтисод, Тоҷикистон то ҳол гирифтори буҳрон буда, роҳу воситаҳои раҳоӣ аз ин вазъ, аз ҷумла узвият ба ИИАО-ро баррасӣ мекунад.

Таҳлилгарони Central Asian Analytical Network (CAAN) бар ин назаранд, ки дар қатори Ӯзбекистону Туркманистон, суръатҳои баландтарини рушди иқтисод дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасанд, вале ба ҳар ҳол, ҷумҳурӣ гирифтори буҳрон буда, воситаҳои гуногуни раҳоӣ аз он, то пайвастан ба ҳайати Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО)-ро баррасӣ дорад.

Дар гузориши таҳлилии CAAN бо истинод ба маҷаллаи The Diplomat қайд мешавад, ки соли гузашта муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев изҳор дошта буд, ки ҷумҳурӣ ба дастрасии «қарзи сабук» аз Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) дар ҳаҷми 500 млн. доллар кӯшиш дорад.

«Бонки милли Тоҷикистон ҷиҳати поккории бахши бонкии кишщвар талош варзида, иҷозатномаи ду бонк – «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк»-ро бозхонд кард ва мизоҷони бонкҳо барои амонатҳои аздастдодаашон дар ҳаҷми наздики 2 млн. доллар ҷубронпулӣ гирифтанд, вале ин кор ба бархе аз муштариёну сармоягузорони хурд зиён низ расонд», – омадааст дар гузориш.

Гуфта мешавад, «акнун эҳтимол ҳукумат сиёсаташро тағйир ва ҷудо кардани воситаҳои имконпазири қарзӣ ба сохтмони Роғунро тарҳрезӣ намудааст, ки нашри вомбаргҳо (облигатсияҳо) ба маблаги ҳудуди 850 млн. доллар ба муддати се соли минбаъда низ бо ин мақсад сурат гирифта, ҳукумат изҳор дошт, ки воситаҳои пулиро ҷиҳати маблағгузорӣ ба сохтмони сарбанд ва нерӯгоҳ истифода бурданист».

«ХБА ишора мекунад, ки тӯли солҳои 2015-2016 ҳаҷми интиқоли маблағ ба Тоҷикистон бо ифодаи доллар 45 фоиз коҳиш ёфта, вале афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба миқдори 6-7 фоиз бо густариши сиёсати хазинаи давлатӣ (фискалӣ) дастгирӣ гардида, ҷиҳати сармоягузорӣ ба сохтмону саноат ва фаъолияти бахши ғайрирасмӣ мусоидат намуд», – қайд мешавад дар гузориш.

Зикр мегардад, ки босуръат поинравии ҳаҷми интиқоли пул ба беқурбшавии зиёди сомонӣ нисбати доллар оварда расонида, он дар навбати худ, ба афзоиши назарраси вазъи шиддатнок дар бахши бонкӣ бар асари мавқеъҳои кӯтоҳи кушод (FX) ва қарздиҳӣ бо асъор боис гардид.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки охири соли 2016 қарзҳои берун аз амал (батаъхирафтода ба муддати беш аз 30 рӯз) дар бонкҳо то 54 фоиз афзуда, даромаднокӣ коҳиш ёфт, нишондиҳандаҳои кифоягии сармоя тамоили ғайриқаноатбахшро касб намуда, ду бонки бузург муфлис дониста шуданд ва ҳамчунин дар соли 2016 қарздиҳӣ ба бахши хусусӣ низ коҳиш ёфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...