Меҳмонхонаи сохтмонаш тӯлкашидаро боз аз андоз озод карданд

Сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори «Исмоили Сомонӣ», ки дар қисмати марказии шаҳри Душанбе аллакай муддати 11 сол идома дорад, боз аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ озод карданд. Дар қонуни қабулшуда аз ҷониби парлумон «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2018» дар ин робита қайд мешавад, ки фармоишгарон ва паймонкорони кулли масъул […]

Сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори «Исмоили Сомонӣ», ки дар қисмати марказии шаҳри Душанбе аллакай муддати 11 сол идома дорад, боз аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ озод карданд.

Дар қонуни қабулшуда аз ҷониби парлумон «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2018» дар ин робита қайд мешавад, ки фармоишгарон ва паймонкорони кулли масъул ба сохтмони меҳмонхонаи «Исмоили Сомонӣ» дар баробари муассисаҳои таълимӣ соли оянда зимни воридоти маҳсулот ба ҷумҳурӣ аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

«Воридоти бору маҳсулот аз ҷониби фармоишгарон ва паймонкорони кулл барои сохтмони иншооти мазкур аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ мувофиқи номгӯй ва ҳаҷми тасдиқшудаи ҳукумат озод мешавад», – зикр мегардад дар матни қонун.

Қобили зикр аст, ки воридкунандагони бору маҳсулот барои сохтмони меҳмонхонаи зикршуда қариб ҳар сол аз пардохти андозу боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

Ба сохтмони ин иншоот ширкати «Исмоили Сомонӣ – асри 21» машғул аст, ки роҳбариашро Раҳматулло Саъдуллоев, бародари раиси «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода бар дӯш дорад.

Маросими оғози бунёди меҳмонхонаи панҷситорадори 16-шёнаи «Исмоили Сомонӣ» дар маркази пойтахт санаи 15 марти соли 2006 бо иштироки Президенти Тоҷикистон доир гардид. Он замон буҷети умумии сохтмон 30 млн. доллар арзёбӣ шуда буд.

Сохтмони меҳмонхонаи «Исмоили Сомонӣ» дар хиёбони Рӯдакӣ дар майдони 1,5 гектар ҷараён дошта, дар он бунёди 350 ҳуҷраи масоҳати умумиаш 20 ҳазор метри мураббаъ дар назар аст.

Зимни суханронӣ дар маросими оғози сохтмони он Президенти Тоҷикистон изҳори бовар карда буд, ки корҳои сохтмони он дар муҳлати муқарраршуда – муддати 1,5 сол ба итмом расонида шуда, баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот 650 нафар, асосан занону духтарони ҷавон бо кор таъмин мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.