Идомаи ҳамкории ИМА ва Тоҷикистон баҳри дастгирии амният ва субот дар ОМ

Иттилоияи расмӣ

Генерал- Теренс Маккинен, муовини фармондеҳи Фармондеҳии марказии артиши ИМА, ба Тоҷикистон ташриф овард ва бо роҳбарони баландпояи Тоҷикистон ва роҳбарияти сафоратхонаи ИМА мулоқот анҷом дод.

Тавре дар иттилоияи расмии сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар дода мешавад, дар рафти сафари худ ӯ доираи васеи масъалаҳои амниятиро бо мансабдорони воломақоми Тоҷикистон аз Вазорати мудофиа ва Вазорати корҳои дохилӣ муҳокима намуда, барои ҳамоҳангсозии минбаъдаи артиши ИМА ва Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

Гуфта мешавад, дар рафти вохӯриҳои сатҳи олӣ, генерал-майор Маккинен муҳимияти шарикии мазкурро барои дастгирии устувор ва шукуфоии Тоҷикистон қайд намуд.

«Тӯли 20 сол, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон ба пешрафти назаррас муваффақ шуданд, ки барои таъмини субот ва пешрафти Тоҷикистон ва аҳли минтақа мусоидат намуд, – омадааст дар иттилояи расмӣ. – Кӯшишҳои муштараки ИМА ва Тоҷикистон асосан ба амнияти сарҳадӣ, мубориза алайҳи терроризм ва қочоқи маводи мухаддир равона карда шудаанд».

Зимнан зикр мегардад, ки Тоҷикистон шарики муҳим дар Стратегияи Осиёи Ҷанубии ИМА мебошад, ки баҳри такмил додани амнияти минтақавӣ, субот ва шукуфоӣ дар саросари минтақа равона шудааст.

«Ҳамкории ИМА ва Тоҷикистон баҳри дастгирии амният ва субот дар Осиёи Марказӣ (ОМ) ва Ҷанубӣ идома ёфта, ҳамзамон ба баланд бардоштани затҳи зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард», – зикр мегардад дар маълумот.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...