Генерали хорватӣ дар додгоҳи Гаага заҳр нӯшида, ҳалок шуд

Сарвазири Хорватия Андрей Пленкович марги фармондеҳи пешини хорватҳои Босния Слободан Пралякро, ки 29 ноябр дар ҷаласаи Додгоҳи байналмилалии низомӣ заҳр нӯшид, тасдиқ кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Пленкович 29 ноябр дар як нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки "мутаассифона, имрӯз мо шоҳиди худкушии Праляк шудем". Сарвазир ҳамчунин ба наздикону пайвандони фармондеҳ ҳамдардӣ […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Сарвазири Хорватия Андрей Пленкович марги фармондеҳи пешини хорватҳои Босния Слободан Пралякро, ки 29 ноябр дар ҷаласаи Додгоҳи байналмилалии низомӣ заҳр нӯшид, тасдиқ кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Пленкович 29 ноябр дар як нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки "мутаассифона, имрӯз мо шоҳиди худкушии Праляк шудем". Сарвазир ҳамчунин ба наздикону пайвандони фармондеҳ ҳамдардӣ баён кард.

Раиси Додгоҳи низомии Гаага Ненад Голчевский хабар дод, ки Праляки 72-сола, бо вуҷуди талошҳои табибон барои наҷоти ҷони ӯ дар беморхона ба ҳалокат расид. Ҳанӯз маълум нест, ки фармондеҳи пешини хорватҳои Босния чи гуна заҳр нӯшидааст.

Додгоҳи низомии байналмилалӣ 29 ноябр шикояти Праляк ва панҷ ҷонибдори ӯро, ки ҳанӯз дар соли 2013 ироа шуда буд, баррасӣ мекард. Он замон фармондеҳи пешини хорватҳо бо ҷурми ҷиноятҳои ҳарбӣ 20 сол зиндонӣ шуда буд.

Ин шаш хорвати Босния дар таъсиси лагерҳои махсус барои нигаҳдории мусулмонон айбдоранд. Дар натиҷаи ҷанги 11 моҳа, солҳои 1992-1995 бештари минтақаи Ҳерзеговина ва маркази Босния пурра хароб шуда буданд. Мурофиаҳои додгоҳӣ дар доираи ин парванда аз соли 2006 ба ин сӯ идома доранд ва додгоҳ ҳудуди 200 шоҳидро бозпурсӣ кардааст.

Додгоҳ гуфт, онҳо мехостанд, бо роҳи куштор, таъқиб, таҷовуз, ихроҷ ва маҳви дороиҳо мусулмонон ва сокинони ғайрихорватиро берун кунанд. Соли 2013 шаш хорвати Босния ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.