Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон фаъолияти корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – «Ху Чан Ғаюр Индастриал» баррасӣ мешавад, ки қаблан аз пардохти андозҳо озод шуда буд. Оғоз соати 10:00; – Дар Минск Иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД баргузор мешавад, ки дар кори он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунад. ҚУРБИ АСЪОР […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон фаъолияти корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – «Ху Чан Ғаюр Индастриал» баррасӣ мешавад, ки қаблан аз пардохти андозҳо озод шуда буд. Оғоз соати 10:00;

– Дар Минск Иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД баргузор мешавад, ки дар кори он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8110 сомонӣ;

1 евро – 10.4305 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1495 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2009 — Бо иштироки президент дар шаҳри Қайроққум корхонаи саноатии бисёрсоҳавии ҶДММ «Сахо» ифтитоҳ гардида, сарвари давлат ҳамчунин дастур дод, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд боғҳои нав бунёд карда шаванд

2010 — Ҳукумат дар бораи таъсиси КВД «Маркази равзанаи ягона» қарор қабул кард.

2016 — Расму оини ҷашни Наврӯз ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дохил шуданд.

1894 – Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ҳикмат Ризо.

1933 – Мавлуди артисти сирк, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Пирназар Юсуфов.

1944 – Зодрӯзи нависанда Зариф Ғулом.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +1+6.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +13+18; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +10+15.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона -1-6, рӯзона +7+12; дар шарқ шабона -14-19, рӯзона 0-5.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +13+18; дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +5+10.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +9+11.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +14+16.  

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +8+10.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.