Талаби 3,5 солии зиндон ба тоҷикони гумонбар дар муноқишаи оромгоҳи Хованское

Akhbor.com

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳи Шербинкаи Маскав барои ҳар кадом аз 5 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз замони занозании хунини моҳи майи соли 2016 дар оромгоҳи Ховангское дар боздошт қарор доранд, сеюним сол ҳукми зиндон талаб кард. Ҷомӣ Чақалов, Диловар Юнусов, Раҳмиддин Садриддинов,

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили «Ахбор», Ҷомӣ Чақалов, Диловар Юнусов, Раҳмиддин Садриддинов, Шоймардон Аҳмадов ва Ҳоҷиқурбон Бӯриев дар додгоҳ гуфтаанд, ки ягон гуноҳ надоранд, балки фақат аз ҷони худ ҳимоят мекарданд.

Гуфта мешавад, ин 5 муҳоҷири тоҷик, ки қариб якуним сол боз дар боздошт қарор доранд, ҳама аз шаҳри Роғун ва минтақаи Обигарми ноҳияи Файзобод буда, дар Маскав дар оромгоҳи Хованское кор мекарданд. Онҳо дар додгоҳ гуфтанд, ки рӯзи 14 майи соли 2016 мудири нави оромгоҳи Хованское Юрий Чабуев барои аз инҷо рондани мардикорони тоҷик беш аз 100 нафари мусаллаҳ аз як гурӯҳи ҷиноиро киро карда буд ва онҳо маҷбур шуданд, ки ба ҳимоят аз худ чӯбу санг ба даст бигиранд.

Мақомоти тафтишотии Русия низ бегуноҳ будани ин мардикорони тоҷики бечора ва бепуштупаноҳро дарк мекунанд. Айбдоркунандаи давлатӣ Людмила Баландина рӯзи 6 декабр ба хабаргузории ТАСС гуфт, тафтишот далелҳои кофӣ барои исботи инки ин муҳоҷирон "бо маслиҳати пешакӣ” амал карда, гӯё "беасос” молу мулки ғайрро хароб ва ба афроди дигар осеби ҷисмонӣ расонда бошанд, ҷамъ оварда натавонист. Людмила Баландина гуфт, хулосаи тафтишот дар мавриди "бо маслиҳати пешакӣ” ба ҷониби дигар ҳамла кардани муҳоҷирони тоҷик дар оромгоҳи Хованское бо натиҷаҳои ташхисот зиддият дорад.

Айбдоркунандаи давлатӣ Людмила Баландина ба ин далел рӯзи 6 декабр аз додгоҳи Шербинка хост, то айбномаи зидди ин 5 муҳоҷирро сабуктар карда, иттиҳомоти подарҳавое, чун барқасдона хароб кардани молу мулки ғайр, ҳамчунин ду мавриди қасдан расондани осеби ҷисмонӣ дар заминаи адовати қавмиву диниро аз айбномаи онҳо бардоранд. Ҳамчунин бо дархости айбдоркунанда иттиҳоми "авбошии гурӯҳӣ бо маслиҳати пешакӣ” аз айбномаи ин 5 муҳоҷири тоҷик ба "авбошӣ бо истифода аз ашёе, ки ҳамчун силоҳ истифода шудааст” иваз карда шуд.

Бо ин вуҷуд Людмила Баландина аз додгоҳ барои ҳар кадом аз ин 5 муҳоҷир – Ҷомӣ Чақалов, Диловар Юнусов, Раҳмиддин Садриддинов, Шоймардон Аҳмадов ва Ҳоҷиқурбон Бӯриев– сеюнимсолӣ ҳукми зиндон талаб кардааст.

Аммо мардикорони тоҷик мегӯянд, ки онҳоро бегуноҳ ҷазо дода истодаанд ва гунаҳкорони аслӣ ҷониби дигари он занозании хунин ба раҳбарии мудири оромгоҳ Юрий Чабуев мебошанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14 майи соли 2016 бо иштироки беш аз 200 нафар дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав ҷанҷолу занозании оммавӣ бо тирпарронӣ сурат гирифта, бар асари он се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалок ва беш аз 30 нафари дигар осеб диданд.

Тибқи маълумоти мақомоти пулис, муноқиша бо иштироки коргароне, ки онҳоро барои ободониву нигоҳубини қабрҳо киро мекунанд, сурат гирифта, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Бино ба маълумоти ВКД, дар муноқиша асосан зодагони Осиёи Миёна ва Қафқози Шимолӣ ҳузур дошта, сабаби муноқиша тақсими соҳаҳои нуфуз аст. Барои кор дар оромгоҳ муҳоҷирон ба «пуштибонон» ё худ «боло» аз ҳар фармоиш 10% маблағ пардохт мекарданд. Вале чанде пеш аз занозанӣ зодагони Қафқози Шимолӣ ба оромгоҳ омада, талаб мекунанд, ки пардохт то 20-30% зиёд шавад. Кормандони оромгоҳ гуфтаанд, маҳз ҳамин талаб ба муноқиша боис шудааст.

Моҳи август ВКД парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели муноқишаи дастаҷамъона дар оромгоҳи Хованскоеро ба баррасии суд фиристод. Парвандаҳои ҷиноии бозшуда мутобиқи моддаҳои 213 (авбошӣ), 115 (қасдан расонидани зарари сабуки ҷисмонӣ) ва 167 (қасдан нобуд ё зарар расонидан ба амвол) якҷоя ба баррасӣ гирифта шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...