Анҷумани навбатии ҳисоботӣ-интихоботии демократҳои тоҷик

Анҷумани навбатии 14-уми Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ) санаи 23 декабр дар Душанбе баргузор мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Шӯрои сиёсии ҳизб дар ин робита иттилоъ дод, дар анҷуман аз иштироки 120 нафар вакилон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва 50 нафар меҳмонон интизорӣ меравад. Масъалаи асосие, ки дар анҷуман баррасӣ хоҳад шуд, интихоби раиси […]

Анҷумани навбатии 14-уми Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ) санаи 23 декабр дар Душанбе баргузор мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Шӯрои сиёсии ҳизб дар ин робита иттилоъ дод, дар анҷуман аз иштироки 120 нафар вакилон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва 50 нафар меҳмонон интизорӣ меравад.

Масъалаи асосие, ки дар анҷуман баррасӣ хоҳад шуд, интихоби раиси нави ҲДТ буда, шӯрои сиёсии ҳизб ба ин мансаб номзадии раиси амалкунандаи ҲДТ, вакили палатаи поёнии парлумон Саидҷаъфар Исмоновро пешбарӣ карданист.

Зимнан зикр гардид, ки интихоби пешвои нави Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳатман бар асоси алтернативӣ сурат хоҳад гирифт.

Ҳизби демократи Тоҷикистон соли 1991 таъсис ёфта, раиси аввали он Шодмон Юсуф буд, ки феълан дар шаҳри Вена, пойтахти Австрия зиндагӣ мекунад. Баъди имзои Созишномаи ризоияти миллӣ ва истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ҳизбро Маҳмадрӯзӣ Искандаров ба роҳбарӣ гирифт.

Охири соли 2006 пас аз ба муҳлати 23 соли зиндон маҳкум шудани Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Вазорати адлияи Тоҷикистон Масъуд Собировро раиси нави ҲДТ эътироф кард. Ҳизб ба ду ҷиноҳ тақсим шуд, ки якеро Саидҷаъфар Исмонов ва дигареро Раҳматулло Валиев, муовини раиси ҲДТ роҳбарӣ мекарданд.

Дар анҷумани ғайринавбатии ҲДТ моҳи декабри соли 2012 Саидҷаъфар Исмонов раиси ҳизб интихоб шуд. Он замон ба ин вазифа Саидҷаъфар Исмонов ва Равшанбек Аҳмедов довталабӣ мекарданд. Аксари вакилон (85 нафар) номзадии Исмоновро пазируфтанд. Мамлакат Ҷайчиева, раиси кумитаи тадорукоти анҷуман аз иштирок дар интихоби раиси нави ҲДТ даст кашид.

Қобили зикр аст, ки Ҳизби демократии Тоҷикистон имрӯз дар сафҳояш ҳудуди 20 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро муттаҳид мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.