Омодагии адвокатҳои тоҷик ба кумаки ройгон ба ниёзмандон

Абдуқаюм Юсуфов, узви Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон аз вакилони дифоъ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар даъват кард, ки имрӯз, 8 декабр ба сокинони кишвар хидмати ройгони ҳуқуқӣ расонанд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ изҳор намудааст, ки агар ҳар вакили дифоъ рӯзи ҷумъа ду нафарӣ қабул кунанд, пас беш аз ҳазор сокини кишвар […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Asia-Plus

Абдуқаюм Юсуфов, узви Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон аз вакилони дифоъ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар даъват кард, ки имрӯз, 8 декабр ба сокинони кишвар хидмати ройгони ҳуқуқӣ расонанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ изҳор намудааст, ки агар ҳар вакили дифоъ рӯзи ҷумъа ду нафарӣ қабул кунанд, пас беш аз ҳазор сокини кишвар машварати ҳуқуқии ройгон дарёфт хоҳанд кард.

«Бештари сокинони кишвар, бахусус онҳое, ки маоши кам мегиранд, тавони гирифтани машварати ҳуқуқии лозимии худро надоранд. Бинобар ин, аз ҳамкорон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ даъват кардам, ки ба ниёзмандон кумак кунанд», – иброз доштааст вай.

Бархе аз аз ҳомиёни ҳуқуқ ва созмонҳо ин пешниҳодро пазируфта, барои расонидани машварати ройгони ҳуқуқӣ изҳори омодагӣ намуданд. Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ва яке аз вакилони дифои машҳури кишвар гуфт, тайи таҷрибаи кории худ бо қазияҳои зиёде дучор шудааст, ки зарурати кумаки ройгони ҳуқуқиро дар миён мегузорад.

«Ҳар ҳуқуқшинос мувофиқи иродаву виҷдони касбии худ амал мекунад ва медонад, ки бисёриҳо барои расидан ба ҳақиқат фақат пул надоранд, ки вакили дифои хубе бигиранд. Ман дар таҷрубаи адвокатии худ ба ҳар корафтода як рӯз хидмати бепул анҷом медиҳам. Албатта, пешниҳоди Юсуфов хуб аст, вале ҳадди ақал ҳар ҳафта як дафъа ё ҳар моҳ як бор кумаки ройгони ҳуқуқӣ дода шавад, беҳтар аст», – илова намудааст ӯ.

Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ин пешниҳоди Юсуфов қобили дастгирӣ ва таваҷҷуҳ аст.

«Вақте аксари аҳолии Тоҷикистон дар камбизоатӣ ба сар мебараду дар бораи қонунгузориву ҳуқуқҳои худ ҳеҷ тасаввуроту огаҳие надорад, пешниҳоди кумаки бепули ҳуқуқӣ ба аҳолӣ хеле саривақтиву дархӯри мардум аст», – гуфт ҳуқуқшинос.

Як рӯз кумаки ҳуқуқии бепул дар Тоҷикистон дар остонаи таҷлил аз рӯзи ҷаҳонии дифоъ аз ҳуқуқи инсон сурат мегирад. Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи инсон ҳар сол 10-уми декабр таҷлил мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.