Аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 1,6 млрд. доллар ворид шуд

Заррина Эргашева, Asia-Plus

Аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи сеюми соли 2017 ҳаҷми интиқоли маблағҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1 млрд. 663 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 231 млн. доллар бештар аст.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, аз ҳама бештар маблағ аз Русия ба Тоҷикистон дар семоҳаи сеюм – 741 млн. доллар ворид шуда, як интиқоли маблағ ба ҳисоби миёна 102 долларро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, аз ҷониби шаҳрвандони Русия – 171 млн. ва шахсоне, ки шаҳрвандии Русияро надоранд, 570 млн. доллар маблағ интиқол дода шудааст.

Дар навбати худ тӯли семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба Русия ҳамагӣ 107 млн. доллар (ҳаамин давраи соли 2016 – 113 млн.) маблағ фиристода шудааст.

Сохтори асъории интиқоли маблағҳо аз Русия ба Тоҷикистон: 71,6% – рубли Русия, 28,2% – доллари ИМА ва 0,2% – евро.

Қобили зикр аст, ки ахиран тамоили афзоиши назарраси ҳаҷми интиқоли маблағҳо аз Русия ба кишварҳои ИДМ ба мушоҳида расида, тӯли 9 моҳи соли равон ба кишварҳои узви Иттиҳод 8,7 млрд. доллар (9 моҳи соли 2016 – 7,4 млрд. доллар) маблағ интиқол ёфтааст.

Гуфта мешавад, дар ин давра аз Русия ба Ӯзбекистон – 2 млрд. 636 млн. доллар ва Қирғизистон – 1 млрд. 576 млн. доллар маблағ фиристода шудааст.

Соли 2016 ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳо аз Русия ба Тоҷикистон 1 млрд. 929 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2015 ба миқдори 651 млн. доллар (1 млрд. 278 млн.) бештар буд. Соли 2014 ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон – 3 млр 831 млн. ва соли 2013 – 4 млрд. 155 млн. долларро ташкил дода буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...