Кумитаи байнулмилалии ҳимоя аз журналистон озодии Мирсаидовро тақозо кард

Asia-Plus

Кумитаи байнулмилалии ҳимоя аз журналистон (Committee to Protect Journalists) аз раҳбарияти Тоҷикистон даъват намуд, ки рӯзноманигори мустақил ва капитани дастаи КВН Тоҷикистон Хайрруло Мирсаидовро аз ҳабс озод кунад. Дар ин хусус санаи 14 декабр дар сомонаи расмии Кумита муроҷиати дахлдор интишор шуд.

«Дар кишварҳое, ки васоити ахбори умум ва изҳороти интиқодӣ қариб ки вуҷуд надоранд, ба рӯзноманигороне чун Мирсаидов барои фаъолияти муҳимашон бояд миннатпазирӣ кард, на айбдоркуниҳои қалбакӣ», – изҳор доштааст муовини директори иҷроияи CPJ Роберт Махони.

Қаблан Ҳюман Райтс Вотч (HRW) ва Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ, ду созмони ҳомии ҳуқуқи инсон низ аз боздошти Хайрулло Мирсаидов – хабарнигори мустақил ва раҳбари тими ҳозирҷавобон ё КВН-и Тоҷикистон – шадидан нигаронӣ карданд.

Рӯзи 14 декабр як манбаи «Азия-Плюс» дар прокуратура дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки айбнома оид ба дидаву дониста хабари бардурӯғ расонидан маҳз ба сардори Раёсати Кумитаи ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олим Зоҳидзода дахл дорад.

«Изҳорот дар бораи аз ӯ талаб шудани пораро Мирсаидов исбот карда натавонист, акнун нисбати худи доир ба ин изҳорот парвандаи ҷиноӣ боз шуд», – гуфт ӯ ва аз шарҳи ҷузъиёти дигари айбномаҳои пешниҳодшуда худдорӣ варзид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...