Кумитаи байнулмилалии ҳимоя аз журналистон озодии Мирсаидовро тақозо кард

Кумитаи байнулмилалии ҳимоя аз журналистон (Committee to Protect Journalists) аз раҳбарияти Тоҷикистон даъват намуд, ки рӯзноманигори мустақил ва капитани дастаи КВН Тоҷикистон Хайрруло Мирсаидовро аз ҳабс озод кунад. Дар ин хусус санаи 14 декабр дар сомонаи расмии Кумита муроҷиати дахлдор интишор шуд. «Дар кишварҳое, ки васоити ахбори умум ва изҳороти интиқодӣ қариб ки вуҷуд надоранд, […]

Asia-Plus

Кумитаи байнулмилалии ҳимоя аз журналистон (Committee to Protect Journalists) аз раҳбарияти Тоҷикистон даъват намуд, ки рӯзноманигори мустақил ва капитани дастаи КВН Тоҷикистон Хайрруло Мирсаидовро аз ҳабс озод кунад. Дар ин хусус санаи 14 декабр дар сомонаи расмии Кумита муроҷиати дахлдор интишор шуд.

«Дар кишварҳое, ки васоити ахбори умум ва изҳороти интиқодӣ қариб ки вуҷуд надоранд, ба рӯзноманигороне чун Мирсаидов барои фаъолияти муҳимашон бояд миннатпазирӣ кард, на айбдоркуниҳои қалбакӣ», – изҳор доштааст муовини директори иҷроияи CPJ Роберт Махони.

Қаблан Ҳюман Райтс Вотч (HRW) ва Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ, ду созмони ҳомии ҳуқуқи инсон низ аз боздошти Хайрулло Мирсаидов – хабарнигори мустақил ва раҳбари тими ҳозирҷавобон ё КВН-и Тоҷикистон – шадидан нигаронӣ карданд.

Рӯзи 14 декабр як манбаи «Азия-Плюс» дар прокуратура дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки айбнома оид ба дидаву дониста хабари бардурӯғ расонидан маҳз ба сардори Раёсати Кумитаи ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олим Зоҳидзода дахл дорад.

«Изҳорот дар бораи аз ӯ талаб шудани пораро Мирсаидов исбот карда натавонист, акнун нисбати худи доир ба ин изҳорот парвандаи ҷиноӣ боз шуд», – гуфт ӯ ва аз шарҳи ҷузъиёти дигари айбномаҳои пешниҳодшуда худдорӣ варзид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ