«Спитамен Бонк» ба «Бренди тиллоии соли 2017» соҳиб шуд

Аз рӯи натиҷаҳои озмуни «Бренди Соли 2017», ки аз ҷониби Маркази патентии ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Спитамен бонк» дар номинатсияи «Фаъолияти бонкӣ» ба Ҷоизаи тиллоии озмун сазовор дониста шуд. Қобили зикр аст, ки «Спитамен бонк» бори аввал дар озмуни мазкур ширкат варзида, миёни чор бонки кишвар соҳиб гардидан ба ин ҷоиза барои бонк […]

Asia-Plus

Аз рӯи натиҷаҳои озмуни «Бренди Соли 2017», ки аз ҷониби Маркази патентии ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Спитамен бонк» дар номинатсияи «Фаъолияти бонкӣ» ба Ҷоизаи тиллоии озмун сазовор дониста шуд.

Қобили зикр аст, ки «Спитамен бонк» бори аввал дар озмуни мазкур ширкат варзида, миёни чор бонки кишвар соҳиб гардидан ба ин ҷоиза барои бонк ифтихори бузург аст.

Ба гуфтаи ташкилкунандагони озмун, довталабон аз лиҳози шинохти бренд (тамға), ки бояд беш аз 40%-ро ташкил диҳад, баҳогузорӣ шуданд.

Мукофоти асосӣ барои «Спитамен Бонк» пеш аз ҳама, эътимоди муштариён буда, маҳз барои ҳамин бонк кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки сатҳи баланду хушсифати хизматгузориро таъмин намояд.

Дар бонк робита бо муштариён тариқи тамоми воситаҳои дастрас ба роҳ монда шудааст. Имрӯз бо бонк дар ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар тамос шудан имконпазир мебошад. Масалан дар шабакаи Facebook (https://www.facebook.com/spitamenbonk/) мутахассиси бонк ҳамарӯза наздики 15 саволу дархост, арзу шикоят ва пешниҳодҳоро қабул мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ