Маъзарати Turkish Airlines ва ваъдаи пагоҳ баргардонидани бағочи мусофирон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Намояндагии ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines дар Тоҷикистон сабабҳои аллакай муддати ду шабонарӯз бағочи худро гирифта натавонистани мусофирони хатсайри Истанбул – Душанберо шарҳ дод.

«Ширкати Turkish Airlines барои нороҳат сохтани мусофирон маъзарат хоста, кафолат медиҳад, ки вазъ дар фурсати наздиктарин ба эътидол оварда хоҳад шуд, – қайд мешавад дар посухи хаттии намояндагӣ – Ба маълумоти мусофирон расониданием, ки шаби 14 декабр дар Душанбе обуҳавои номуосид пешгӯи шуда, дар ин ҳолат роҳбари сарнишинони ҳавопаймо бояд ду фурудгоҳи дигари иловагиро муайян кунад ва ин фурудгоҳҳои Хуҷанду Самарқанд мебошанд».

Қайд мешавад, ки дар Хуҷанд низ обуҳавои номусоид пешгӯӣ шуда, барои нишастан дар фурудгоҳи Самарқанд 1,5 тонна сӯзишвории иловагӣ лозим аст.

«Дар ин робита, барои пешгирии ҳар гуна хатар ҳангоми нишастан, роҳбари ҳайати сарнишинон тасмим гирифт, ки аз ҳисоби 1,5 тонни бори мусофирон 1,5 тонна сӯзишвории захиравӣ гирад», – омадааст дар посух.

Дар намояндагии ширкат овозаҳои «ба зиёни аксари мусофирон овардани бори тоҷирон»-ро қотеъона рад карданд.

«Мо кафолат медиҳем, ки тамоми бору бағочи рӯзи 16 декабр ба Душанбе хоҳад расид. «Мусофирон дар худи фурудгоҳ ва дафтари кории  «Turkish Airlines» дар Душанбе бағочҳои худро гирифта метавонанд ё кормандони ширкати ҳавопаймоӣ бағочро ба суроғаи таъиншуда бурда мерасонанд», – таъкид мешавад дар посухи хаттӣ.

Ёдрас мекунем, ки беш аз 150 нафар мусофироне, ки рӯзи 14 декабр аз шаҳри Истанбули Туркия ба фурудгоҳи Душанбе омаданд, то ҳол бағочи худро гирифта наметавонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...