Боздошти роҳбари коллегияи адвокатҳои Хуҷанд бо далели қаллобӣ

Asia-Plus

Раиси коллегияи адвокатҳои шаҳри Хуҷанд Анвар Ҳасанов аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо далели даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, Ҳасанов бо роҳи фиреб ба боварии як шаҳрванд даромада, бо баҳонаи тавассути шиносҳояш аз моддаи 319 ба моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии ҶТ бандубаст намудани кирдори бародараш, аз ӯ дар се ҳолат ҷамъ маблағи 200 ҳазор сомонӣ гирифта, онро тасарруф ва бо ин кирдори худ ба охирин зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Гуфта мешавад, кормандони Агентии зиддифасод ҳамчунин бо далели даст доштан дар қаллобӣ ташхисгари тиббӣ-судии Маркази экспертизаи тиббӣ-судӣ дар вилояти Хатлон Мудинов Раҳматуллоро низ боздошт намудаанд, ки барои барои пешниҳод кардани хулосаи тиббӣ-судӣ вобаста ба фарзанди як шаҳрванд дар хусуси бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ, аз ӯ 13 ҳазор сомонӣ маблағ гирифтааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати Ҳасанов Анвар тафтиши парвандаи ҷиноятӣ ба итмом расида, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суди шаҳри Хуҷанд ирсол карда шудааст ва нисбати Мудинов Раҳматулло парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...