Шаҳрванди Тоҷикистон яке аз гумонбарони омодакунии ҳамлаҳои террористӣ дар Петербург

Суди ноҳияи Смолнии шаҳри Санкт-Петербург санаи 17 декабр дар бораи ба ҳабс гирифтани шаҳрванди Тоҷикистон Фирӯз Калавуров, зодаи Доғистон Шамил Омурҳоҷиев ва зодаи Ингушистон Алисхон Эсурзиев қарор қабул кард, ки ба даст доштан омодакунии ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳри Санкт – Петербург гумонбар дониста мешаванд. Хабаргузории РБК дар ин робита менависад, боздошти онҳо ба туфайли маълумоти […]

Суди ноҳияи Смолнии шаҳри Санкт-Петербург санаи 17 декабр дар бораи ба ҳабс гирифтани шаҳрванди Тоҷикистон Фирӯз Калавуров, зодаи Доғистон Шамил Омурҳоҷиев ва зодаи Ингушистон Алисхон Эсурзиев қарор қабул кард, ки ба даст доштан омодакунии ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳри Санкт – Петербург гумонбар дониста мешаванд.

Хабаргузории РБК дар ин робита менависад, боздошти онҳо ба туфайли маълумоти Раёсати марказии иктишофӣ (ЦРУ) имконпазир гардидааст.

Қобили зикр аст, ки дар суҳбати телефонии президенти Русия бо президенти ИМА, Владимир Путин ба Доналд Трамп барои пешниҳоди маълумот, ки ба пешгирии амалҳои террористӣ кумак кард, миннатдорӣ изҳор намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кремл, ин маълумот ба боздошти афроде, ки ҳамлаҳо дар шаҳри Петербург ва дигар шаҳрҳои Русияро тарҳрезӣ намуда буданд,дар макони серодами шаҳри Петербург амалҳои террористӣ анҷом доданӣ буданд.

Қобили зикр аст, ки ин се нафар санаи 14 декабр боздошт шуда, лекин гуноҳи худро эътироф намекунанд ва изҳор медоранд, ки аслиҳаро ба онҳо партофтаанд.

Дар маводи парванда зикр мегардад, ки онҳо бо Антон Кобтс ва Евгений Ефимов, ки ба омадакунии амали террористӣ дар калисои Қазони Петербург гумонбар дониста мешаванд, робита доштаанд.

Доир ба боздошти чандин нафар ҷонибдорони гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» дар Петербург рӯзи 15 декабр маълумот интишор шуда, Ефимов ба тайёр кардани маводи тарканда барои амали террористӣ дар калисо иқрор шуд ва ӯро то 14 феврал ба ҳабс гирифтанд.

Кобетс санаи 16 декабр боздошт ва баъдан парвндаи ӯ бо парвандаи Ефимов муттаҳид шуд. Тибқи фарзияи тафтишот Кобется ба Ефимов дар азназаргузоронии гузоштани ҷойи бомба дар макони амали террористӣ ва маслиҳату машварат оид ба содир кардани амали террористӣ кумак кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.