Каромат Шарипов дар Душанбе бо вазири корҳои дохилӣ вохӯрданист

Каромат Шарипов дар озодӣ буда, ният дорад, ки бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва сафири Русия дар Тоҷикистон вохӯрад. Дар ин бора ӯ ба ровии радиои Asia-Plus Беҳрӯз Насриддинов, ки тасодуфан ба ӯ дар кӯча дучор омад, изҳори назар кард. Ба савол дар бораи вазъи саломатиаш Шарипов қайд кард, ки худро беҳтар ҳис мекунад ва […]

Каромат Шарипов дар озодӣ буда, ният дорад, ки бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва сафири Русия дар Тоҷикистон вохӯрад.

Дар ин бора ӯ ба ровии радиои Asia-Plus Беҳрӯз Насриддинов, ки тасодуфан ба ӯ дар кӯча дучор омад, изҳори назар кард.

Ба савол дар бораи вазъи саломатиаш Шарипов қайд кард, ки худро беҳтар ҳис мекунад ва акнун ният дорад, ки ҳуқуқҳои худро барқарор намояд.

«Ман собиқадори Қувваҳои Мусаллаҳи Русия мебошам ва хостори онам, ки ҳуқуқҳоям риоя шаванд. Тоҷикистон маро қабул кард ва ин ҷо ман мехоҳам, ки адолату ҳақиқатро барқарор созам», – изҳор мекунад Шарипов.

Номбурда ҳамчунин таъкид дошт, ки дар кучое набошад, аз ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия ҳимоя хоҳад кард ва сабаби истирдоди ӯ на шахсони алоҳида, балки низоми ташкилшуда мебошад.

https://www.youtube.com/watch?v=5OkPDgZQo1Q

Ёдрас мекунем, ки баъди аз ҷониби суди вилояти Маскав  бетағйир боқӣ гузошта шудани қарори зинаи аввали судӣ, ки дар он Каромат Шарипов ба ғайриқонунӣ гирифтани шиносномаи Русия гунаҳкор эътироф гардид, санаи 12 декабр ӯ аз қаламрави Русия хориҷ карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.