Ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар саросари пойтахт

Ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2018 дар тамоми ноҳияҳои шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ташкил карда мешаванд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ин хусус қарори раиси пойтахт содир шудааст, ки мувофиқи он аз 20 то 30-уми декабр дар ҷойҳои муайяншуда ярмаркаҳо фаъолият хоҳанд кард. Баргузории ярмаркаҳоро мақомоти шаҳрдорӣ дар […]

Ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2018 дар тамоми ноҳияҳои шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ташкил карда мешаванд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ин хусус қарори раиси пойтахт содир шудааст, ки мувофиқи он аз 20 то 30-уми декабр дар ҷойҳои муайяншуда ярмаркаҳо фаъолият хоҳанд кард.

Баргузории ярмаркаҳоро мақомоти шаҳрдорӣ дар ҷойҳои зерин муайян кардааст:

– таваққуфгоҳи назди Бозори «Меҳргон» аз ҷониби муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҶТ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот;

– – кӯчаи Ҳусейнзода, 36 (назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз ҷониби муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»;

– майдончаи назди бозори «Ховарон» аз ҷониби муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Тоҷикобод, Рашт, Сангвор ва Нуробод, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»;

– майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», аз ҷониби муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Файзобод, Лахш ва шаҳри Ваҳдат, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»;

– майдончаи назди бозори «Ёвар» аз ҷониби муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор ва Рӯдаки, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»;

– қисмати ҷанубии Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»;

Зимнан зикр мегардад, ки ба сохторҳои дахлдори шаҳрдории пойтахт ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани чорабиниҳои мазкур, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва ороиши идонаи макони баргузории ярмаркаҳо дастур супоришҳо дода шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.